Маскав бори дигар сарусадоҳо дар бораи интиқоли паҳподҳои Эрон ба Русия барои истифода дар ҷанг алайҳи Украинаро иттиҳомҳои беасос номид.
Муовини вазири хориҷаи Русия, Сергей Вершинин ба пойгоҳи хабарии гуфтааст, айбҳои эълонкардаи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Эрон, ки ба Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин интиқол додааст, беасосанд. Кишварҳои ғарбӣ бо чунин изҳорот талош доранд, интиқоли аслиҳаи ғайриқонунии худ ба режими Киевро сафед кунанд.
Рӯзи 11 ноябр Носир Канъонӣ, намояндаи ВКХ Эрон низ тайрибан ҳамин ҳарфҳоро задаву интиқоли паҳпод ба Русияро рад карда ва интиқоли силоҳҳои Ғарб ба Укроинро ғайриқонунӣ хонда буд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 октябр рӯзномаи «Вашингтон Пост» навишт, ки Эрон ба Русия аслиҳа интиқол хоҳад дод, ки мушакҳои баллистикии замин ба замин ва интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эронро дар бар мегирад.
Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар навбати худ қайд кард, ки Теҳрон чанд моҳ пеш аз оғози амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс ба Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро фиристодааст.
Ҳанӯз 26 сентябр раиси вазорати хориҷаи Эрон гуфта буд, ки кишвараш қарордодҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар заминаи амниятро дорад, аммо таъкид кард, ки дар ин қарордодҳо интиқоли силоҳ ё таҷҳизоти низомӣ вуҷуд надорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки даҳҳо паҳподҳои бесарнишини сохти Эрон дар шаҳрҳои гуногуни Украина безарар гардонида шуда, аз руи пасмондаҳо, онҳо шиносоӣ шудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

