Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигарониҳо дар бораи вазъияти шаҳри Маҳободи Эрон

Нигарониҳо дар бораи вазъияти шаҳри Маҳободи Эрон

Бар асоси тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ барои мутафарриқ кардани мӯътаризон дар шаҳри Маҳободи устони Озарбойҷони ғарбӣ аз силоҳҳои ҷангӣ истифода кардаанд. 

Мӯътаризон аз зӯҳри рӯзи шанбе бо сар додани шиорҳое алайҳи ҳукумати Теҳрон, иқдом ба сангарбандӣ дар хиёбонҳои Маҳобод кардаанд ва нерӯҳои мусаллаҳ низ тайи шаби гузашта бо кушодани оташ ба самти мӯътаризон саъй дар пароканда кардани онҳо доранд. 

Бархе аз расонаҳои наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон, даргириҳои ҷорӣ дар Маҳободро марбут ба амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ алайҳи мӯътаризони Курдистон унвон кардаанд. Расонаҳои давлатии Эрон ҳамчунин аз корбурди силоҳ тавассути мӯътаризон хабар медиҳанд. 

Аз сӯи дигар шумори зиёде аз шаҳрвандони эронӣ бо интишори матолибе дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори кумак ба мардуми Маҳобод ва ҷилавгирӣ аз хушунати эҳтимолӣ дар ин шаҳр шудаанд. 

Ҳанӯз иттилооти дақиқе аз шумори кушташудагон ё маҷрӯҳони эҳтимолии эътирозоти Маҳобод нест.

Гуфтанист дар пайи ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ, духтари ҷавони эронӣ дар 13 сентябри имсол дар боздошти Гашти иршод дар Теҳрон, таҷаммӯъоти эътирозии густурда дар саросари ин кишвар оғозшуд ва ин эътирозот ҳамчунон дар дохилу хориҷ аз Эрон идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular