Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Бону Зулайхо” боздошт шудааст

“Бону Зулайхо” боздошт шудааст

Катаюн Риёҳӣ бозигари матраҳи синамои Эрон ба далели ҳимоят аз эътирозоти ахир дар ин кишвар, боздошт шуд. 

Ба гузориши расонаҳои Эрон, Риёҳӣ ба ҷурми “интишори мӯҳтавоҳои дурӯғ ба ташвиши зеҳнҳо ва кумак ба ошӯб” таҳти таъқиби қазоӣ буд ва дирӯз дар виллои худ дар яке аз бахшҳои атрофи Қазвин боздошт шудааст. 

Риёҳӣ бо иҷрои нақши Зулайхо дар филми “Юсуф Паёмбар” дар Тоҷикистон маъруф шуд ва ӯро бештар чун “бону Зулайхо мешиносанд. 

Гуфтанист дар пайи ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ, духтари ҷавони эронӣ дар 13 сентябри имсол дар боздошти Гашти Иршод дар Теҳрон, таҷаммӯъоти эътирозии густурда дар саросари ин кишвар баргузор шуд ва ин эътирозот ҳамчунон дар дохилу хориҷ аз Эрон идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular