Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБузургмеҳр Ёровро барои камбуди «эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон»ба ШИЗО бурдаанд

Бузургмеҳр Ёровро барои камбуди «эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон»ба ШИЗО бурдаанд

Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи президенти Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқ бори дигар ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда шуд. Дар ин бора сайти Фонди Бузургмеҳр Ёров хабар медиҳад ва менависад, ки сабаби муҷозот, сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳур ва раҳбари кишвар будааст.

Мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд.

Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Дар охирҳои моҳи сентябри соли 2022 кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёровро қасдан дар китобхоҳа маҳкам карда, барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) барои 10 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд.

Ҳомии ҳуқуқ ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 боздошт ва бо парвандаи сохтаву бофта додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?