Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМП НАТО Русияро кишвари террористӣ эълон кард

МП НАТО Русияро кишвари террористӣ эълон кард

Маҷмаъи парлумонии НАТО хостори эҷоди як додгоҳи байналмилалии махсус барои таҷовузи Русия ба Укроин шуд ва Русияро ба унвони як кишвари террористӣ ба расмият шинохт. Ин мавзӯъро Егор Чернев, раиси ҳайати доимии Укроин дар НАТО, дар фейсбук эълом кард. 

Ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди Укроин мавриди ҳимояти 30 кишвари узви иттиҳодия қарор гирифт. 

Чернев гуфт: «чунин додгоҳе ба ҷавобгарӣ кашидани на танҳо омилони мустақим ҷиноятҳои ҷангӣ, балки раҳбари олии Федератсияи Русияро низ мумкин месозад. Ин қатънома ба давлатҳо ва парлумонҳои ҳама кишварҳои узви НАТО ирсол хоҳад шуд.» 

Ӯ ҳамчунин навишт, ки ин санад ҳамчунин хостаҳои дигар Укроинро дар назар мегирад. Барои мисол, афзоиши силоҳрасонӣ ва ҳамчунин тавсеаи механизмҳои хосе, ки ба Укроин иҷоза медиҳад ба узвияти НАТО дарояд. 

Ҳмон гуна, ки гузориш шудааст, ин қатънома муваззаф мекунад роҳҳое барои дарёфти ғаромат аз Федератсияи Русия барои хисороте, ки ба Укроин ворид шудааст, эҷод шавад. 

Чернев гуфтааст: «намояндагон ҳамчунин таъкид карданд, ки артиш Укроин қатъан НАТО-ро тақвият хоҳад кард ва бинобар ин узвияти Укроин барои худ эътилоф муҳим аст.» 

Чернев гуфтааст, ки тасвиб ин қатънома як гоми муҳимм сиёсӣ аст, ки ба хубӣ ҳолу ҳавои парлумонҳои ғарбиро нишон медиҳад. Ин санад бояд бар тасмимгирии раҳбарони кишварҳои иттиҳодия таъсир бигузорад. Ба гуфта Чернев, мавқеи Украина дар сатҳи байналмиллалӣ босуръат тақвият меёбад.

Намояндаи Укроин навиштааст: «барои ҷинояҳои зиддибашарӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, ки маҳдудияти замонӣ надоранд ва барои ҷинояти таҷовуз, муҷозот ногузир хоҳад буд. Мо ҳатман ба он рӯз хоҳем расид.» 

Маҷмаъи парлумонии НАТО як созмон байнипарлумонии муташаккил аз кишварҳои узви Иттиҳоди Атнлантики шимолӣ аст. Тавсияҳои МП НАТО ба давлатҳо, парлумонҳо ва созмонҳои миллӣ ва ҳамчунин ба дабири кулли иттиҳод ирсол мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular