Thursday, February 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Баъзе аз фармондеҳони рус хушунати ҷинсиро дар Укроин ташвиқ мекарданд»

«Баъзе аз фармондеҳони рус хушунати ҷинсиро дар Укроин ташвиқ мекарданд»

Вин Ҷардаш, ҳуқуқдони бритониёӣ, ки дар баррасии ҷиноёти ҷангӣ ба ҳукумати Укроин машварат медиҳад, иддао кард, ки баъзе аз фармондеҳони русӣ аз мавридҳои хушунати ҷинсии сарбозон дар Укроин хабар доштанд. 

Ӯ гуфт, ки баъзе аз хушунатҳо, монанди таҷовузи ҷинсӣ ба занони пир ва кӯдакон, ба таври барномарезишуда анҷом шуданд. 

Ӯ ба Рейтерз гуфт, ки дар бархе мавридҳо, фармондеҳон на танҳо аз хушунати ҷинсӣ огоҳ буданд, балки зердастони худро “ташвиқ ва маҷбур” ба ин кор карданд. 

Хабаргузори Рейтерз тавонист бо бист нафар, аз ҷумла як қурбонӣ, дар атрофи шаҳри Киев, ҷое, ки бештари ҳолатҳои хушунати ҷинсӣ сурат гирифтааст, мусоҳиба кунад. Бархе аз ҳолатҳо шабоҳати зиёде бо мавридҳои хушунати ҷинсие доранд, ки тавассути милали муттаҳид баррасӣ шуд ва гузориши он моҳи гузашта ба нашр расид. Дар ин гузориш сини қурбониён байни чаҳор сол то болои ҳаштод сол зикр шудааст. 

Кремл иддаои систематикӣ будани хушунати ҷинсии нерӯҳои русӣ дар Укроинро рад кардааст. 

Укроин гуфтааст, ки хушунати ҷинсӣ бахши кӯчаке аз даҳҳо ҳазор ҷиноятҳои ҷангӣ аст, ки нерӯҳои русӣ дар Укроин анҷом додаанд. 

Конвенсиюни Женева, таҷовузи ҷинсиро ҷинояти ҷангӣ ва таҷовузи ҷинсии густурда ва систематикро ҷиноят алайҳи башарият медонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular