Шуморе шаҳрвандони Афғонистон дар Ҳирот ба ВВС гуфтаанд, ки ба кӯдакони худ, ки аз гуруснагӣ гиря мекунанд, доруи хоб медиҳанд, то онҳоро ором кунанд.
Бархе дигар гуфтаанд барои таъмин ғизо барои аъзои хонаводаашон ночор шудаанд кӯдакон ва аъзои баданашонро бифурӯшанд.
Дар гузориш омадааст афроде, ки бо буҳрони гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд маҷбур шудаанд ба фарзандонишон доруҳое бидиҳанд, ки маъмулан барои дармони афсурдагӣ ва изтироб таъин мешаванд.
Созмони милал дар гузоришҳои мутааддиде ҳушдор додааст як фоҷиа башардӯстона акнун дар Афғонистон дар ҳол рух додан аст.
Дар гузориш омадааст, ки панҷ дона қурс хобовар ба қимати 10 афғонӣ дар дорухонаҳои маҳаллӣ ба фурӯш мерасанд.
Гузориш меофзояд, ки ин афрод барои зинда мондан ба бадтарин гузинаҳо монанди фурӯши узви бадани худ ё кӯдакони хурдсолашон даст мезананд.
Бо фурӯпошии иқтисодӣ ва шиддатгирии буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон мизони камбуди ғизо дар кӯдакон афзоиш ёфтааст.
Тибқи омори ироакардаи созмони ҳифозат аз кӯдакон, мавридҳои камбуди ғизо дар миёни кӯдакони Афғонистон 50 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол кумитаи байналмиллалии Салиби сурх дар гузориши тозае аз густариши фақру беморӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст. Дар гузориши ин кумита омадааст бемориҳо бинобар камбуди ғизо дар кӯдакон ба шиддат рӯ ба афзоиш аст.
Бар асоси ин гузориш, паёмадҳои иқтисодии даргириҳои мусаллаҳонаи Русияву Укроин дар зиндагии миллионҳо афғон низ таъсир гузошта ва онҳо наметавонанд ба далели афзоиш қиматҳои маводи хӯрокӣ монанди гандум ва равған махориҷи зиндагии худро таъмин кунанд.
Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, ки кӯдакон ба далели тағзияи нодуруст дар маърази бемориҳо қарор мегиранд ва бо расидани зимистон бештар бори гуруснагиро ба дӯш хоҳанд кашид.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

