Friday, February 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Кумакҳои Бритониё ба давлати пешини Афғонистон боиси нақзи ҳуқуқи башар ва фасод...

“Кумакҳои Бритониё ба давлати пешини Афғонистон боиси нақзи ҳуқуқи башар ва фасод шудааст”

Бар асоси арзёбии дидабони нозир бар кумакҳои Бритониё, кумаки 3.5 миллиард фунти ин кишвар байни солҳои 2000 то 2020 боиси нақзи ҳуқуқи башар ва беадолатӣ дар Афғонистон шудааст. 

Ба гуфтаи ин ниҳод, кумакҳои Бритониё ба фасоди молӣ дар болотарин сатҳи давлати пешин ва полиси Афғонистон кумак кардааст. 

Комиссияи таъсиргузории кумакҳои Бритониё мегӯяд ин кишвар қабл аз суқути давлати пешини Афғонистон рӯйкарди воқеъбинона барои эҷоди як давлати пойдор надошт. 

Ин комиссия ба 252 миллион фунт кумаки Бритониё барои таъмини молии полис зидди шӯриши Афғонистон ишора карда ва мегӯяд бахше аз ин пул “фасод ва ваҳшигарии полис, аз ҷумла асиргирӣ, боздошти худсарона, шиканҷау қатлҳои ғайриқонунӣ”-ро таъмин кардаанд. 

Дар гузориши ин комиссия омадааст, ки барои қатъи кумакҳо ба полиси афғон талош сурат гирифт аммо ин талошҳо аз сӯи раҳбари давлати Бритониё рад шуд. 

Ин ниҳод ҳамчунин эълом кардааст, ки кумакҳои Бритониё ба фасоди молӣ дар болотарин сатҳи давлати пешини Афғонистон кумак кардааст. 

Тибқи гузориши ин комиссия, ирсоли кумакҳои байналмилалӣ аз тариқи давлати марказии Афғонистон барои масорифи идороти вилоятӣ ва маҳаллӣ, қудратро дар марказ тақвият карда ва мунҷар ба ривоҷ ёфтани фасод шудааст. 

Гузориш мегӯяд, ки кумаки Бритониё мутобиқ бо аҳдофи кӯтоҳмуддати Амрико дар Афғонистон сурат гирифта ва ҳамсуӣ бо Иёлоти муттаҳида боис шудааст Бритониё бо вуҷуди набуди чашмандози равшан дар фароянди давлатсозӣ ба кумак дар ин қисмат идома бидиҳад. 

Ба гуфтаи мақомоти аршади Бритониё, ҳимояти молии ниҳодҳои давлатӣ дар сурате, ки натавонад вафодорӣ ё ҳимояти бахши бузурге аз мардумро ба даст оварад, ҳеҷ арзише надорад. 

Гузориш мегӯяд, ки бар асоси арзёбии вазорати тавсеаи байналмилалӣ, ниҳодҳои давлати марказии Афғонистон алорағми солҳо кумаки молӣ ва фаннӣ умдатан қодир ба анҷоми вазоифи худ набуданд. 

Ин баррасӣ мегӯяд, ки дар маъмуриятҳои печида чун Афғонистон ҳимояти молӣ дар миқёси бузург барои давлат танҳо бояд дар чорҷӯби як роҳҳали сиёсии пойдор ва фарогир сурат бигирад. 

Дар ин баррасӣ таъкид шудааст, ки ихтисос додани буҷа дар ҳаҷми боло аз тариқи ниҳодҳои давлатии заиф, раванди сиёсиро хадшадор карда ва ба фасоди решадор кумак кардааст. 

Гузориш мегӯяд, ки мутобиқ бо асноди давлати Бритониё, кумакҳо ба номи мардуми Афғонистон сурат гирифта аммо ин кумакҳо танҳо ба нафъи гурӯҳи маҳдуде аз нухбагони сиёсии Афғонистон тамом шудааст. 

Бар асоси ин гузориш, кумакҳои Бритониё барои занону духтарон дар бахши беҳбуди омӯзиш ва коҳиши маргу мири кӯдакон ба хубӣ масраф шудааст. 

Дар ин гузориш омадааст, ки дар ниҳоят, тасмими Иёлоти муттаҳида барои бастани тавофуқнома бо Толибон дар феврали 2020, бо таъйини ҷадвали замонӣ барои хурӯҷи беқайду шарти нерӯҳои амрикоӣ, боис шуд то бо вуҷуди ҳазинаҳои зиёд барои Афғонистон аҳдофи барномаи кумакрасонии Бритониё таҳаққуқ пайдо накунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular