Saturday, February 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркия хостори тавзеҳи мақомоти чинӣ дар бораи сӯхтор дар шаҳри Урумчи шуд

Туркия хостори тавзеҳи мақомоти чинӣ дар бораи сӯхтор дар шаҳри Урумчи шуд

Вазорати умури хориҷаи Туркия бо интишори баёнияе хостори тавзеҳи мақомоти чинӣ дар бораи ҳодисаи сӯхтор дар минтақаи худмухтори Синҷон ва ҷон бохтани шуморе дар ин ҳодиса шуд. 

Вазорати умури хориҷаи Туркия дар ин баёния бо эъломи ин ки ҷон бохтан ва маҷрӯҳияти шуморе аз уйғурҳо тайи ҳодисаи сӯхтори як сохтмони маскунӣ дар шаҳри Урумчи, ки таҳти карантин қарор дошта, боиси таасуфи шадид шудааст, афзуд: барои хонаводаҳо ва наздикони қурбониёни ҳодиса тасалият гуфта ва барои маҷрӯҳин шифои оҷил талаб мекунем. 

Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Туркия ҳамчунин омадааст: мунтазири шаффофсозӣ дар бораи иллати вуқӯъи ин сӯхтор ҳастем. 

Гуфтанист, сӯхтор дар як сохтмони маскунӣ дар шаҳри Урумчи маркази минтақаи худмухтори Синҷони Чин боиси ҷон бохтани 10 нафар шуд. 

Гуфта мешавад ин сохтмон таҳти муқаррароти карантин қарор дошта ва сокинони сохтмон ба ин далел муваффақ ба тарки он нашудаанд. Ҳамчунин манобеъи хабарии маҳаллӣ аз таъхири тимҳои оташнишонӣ ба далели вуҷуди монеъаҳои оҳанӣ ва нардаҳо дар атрофи сохтмони мазкур хабар додаанд. Ин маврид боиси эътирози уйғурҳо шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular