Saturday, February 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон боз ним миллард доллар кумак мехоҳад

Тоҷикистон боз ним миллард доллар кумак мехоҳад

Тоҷикистон барои ҷалби маблағи иловагӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ муроҷиат кардааст.

То охири соли ҷорӣ дар доираи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ баимзорасии созишномаи нави қарзию грантӣ ба маблағи 434 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни як ҳисобот ба Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи иловагӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб карда шуда, ҳамкорӣ дар ин бахш бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монда шудаст.

Дар 9 моҳи аввали соли равон Тоҷикистон наздики 324 млн доллар қарзу грант ҷалб кардааст, ки ҳудуди  92%-аш ба кумаки бебозгашт, яъне садақаҳои  созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба Тоҷикистон рост меояд.

Ҳудуди 19 млни дигар ва ё 5,6% қарз ва 7 млн доллар каме бештар аз 2% саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular