Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистону Узбекистон дар мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасод ҳамкорӣ мекунанд

Тоҷикистону Узбекистон дар мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасод ҳамкорӣ мекунанд

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд.

Тавре Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия. иттилоъ додааст, 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Узбекистон Дилшод Раҳимов созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Манбаъ қайд кардааст, ки тарафҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?