Monday, January 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБарои захираҳои табиии Тоҷикистон харидори нав пайдо шуд?

Барои захираҳои табиии Тоҷикистон харидори нав пайдо шуд?

Яке аз осонтарин роҳи зиёд кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва ҷалби асхъору таъмини буҷа бештар содир кардани захираҳои табии кишвар мебошад. Албатта, фарқ байни ду мафҳум — рушди иқтисод ва зиёд кардани содироти захираҳои табиӣ калон аст. Кишварҳои дорои иқтисоди заиф ҳар қадар, ки содироти захираҳои табии худро бештар кунанд ва аз ин ҳисоб маҷмӯи маҳсулоти дохилиро зиёд кунанд, иқтисодашон рушд нахоҳад кард. Ба таври мисол, зиёд кардани содироти нафту газ, тиллову нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок аз як тараф маҷмӯи маҳсулоти дохилиро зиёд кунанд ва маблағи нақд ба буҷаи кишвар биёранд, аз тарафи дигар ҳаҷми ин захираҳову канданиҳоро кам мекунанд. Дар ҳолати сӯистифода аз содироти ин навъи маҳсулот, дар оянда худи кишвар метавонад ба норасоии ин канданиҳои фоиданоки ҳаётан муҳим дучор шуда, баъдтар дар ҳолати зарурат худ онро бо нархи даҳчанд харидорӣ намояд.

Бинобар ин созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ҳамеша тавсия мекунанд, ки кишварҳои “тараққикардаистода” ба танаввуъбахшии иқтисод ва зиёд намудани навъҳои маҳсулоти содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Яъне, аз як тараф рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисод ва аз тарафи дигар, бештар кардани номгӯи молҳои содиротӣ, ба хусус маҳсулоти коркардшуда иқтисоди кишварро устувортару пешрафтатар мекунад.

Барои мисол, дар Конфронси Созмони милали муттаҳид оид ба тиҷорат ва тараққиёт, ки соли 2019 баргузор шуда буд, таъкид ба амал омад, ки вобастагии кишварҳо аз содироти захираҳои табиӣ ва ашёи хом бо бӯҳрони иқтисодӣ таҳдид мекунад.

“Бо назардошти он, ки вобастагӣ аз содироти ашёи хом аксаран ба рушди иқтисоди кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад, зарур аст, ки фавран он бекор карда шавад ва раванди рушди умумии устувор суръат бахшида шавад”, — гуфта мешавад дар гузориши ин конфронс.

Маълум нет, ки ҳукумати Тоҷикистон ин тавсияҳоро мехонад ё на, ҳамчунин маълум нест, ки ҳукумат аз рӯи ин тавсияҳои ин созмонҳои бонуфуз то чӣ дараҷа амал мекунад, вале гуфта мешавад имсол кишвар фурӯши захираҳои тиллои худро то андозае кам кардааст. 

Соли 2018 содироти металлҳои қиматбаҳо ҳамагӣ 1 млн долларро ташкил дода буд. Соли 2019 фурӯши захираҳо якбора 125 баробар афзоиш кард ва ба 125 миллион доллар расид.  Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон соли 2020 ба маблағи 690 млн доллар захираҳои тиллояшро ба фурӯш бароварда буд. Соли 2021 бошад, металлҳои қиматбаҳо ба маблағи беш аз 896,6 миллион доллар фурӯхта шуданд, ки нисбат ба соли 2020 30% зиёд аст.

Тавре дида мешавад, фурӯши захираҳои табии кишвар солҳои 2019 — 2021 ба таври бесобиқа зиёд шудааст ва соли 2021 нисбат ба соли 2018 қариб 900 баробар афзудааст. Албатта, бояд қайд кард, ки ҳамаи ин маҳсулот ба шакли ашёи хом, яъне коркардношуда ба фурӯш рафтааст!

Вале соли 2022 фурӯши захираҳои тиллои кишвар ба таври назаррас кам шудааст. Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дода, ки кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ, яъне январ-сентябр ба маблағи каме бештар аз 421 млн доллар сангу фулузоти гаронбаҳо содир кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 59,4% камтар гуфта мешавад. 

Бино ба иттилоъи вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли 2022 дар кишвар 18 корхонаи истихроҷи тило фаъолият мекунад ва тавлиди ин филиз ҳамасола афзоиш меёбад. Аммо ин шӯъба бо ишора ба махфӣ будани маълумот дар бораи истихроҷи филизи қиматбаҳо маълумот дар бораи ҳаҷми воқеии истихроҷи тиллоро нашр намекунад.

Пас ин ҷо муаммое пайдо мешавад, ки агар истихроҷи тилло ҳамасола афзоиш меёфта бошад, пас сабаби соли 2022 содироти ин филиз ба таври назаррас кам шуданаш чист? Захираҳои чандсола тамом шуданд ё талаботи кишвари Суис (Шветсария), ки асоситарин харидори тиллои тоҷик буд, кам шудааст? Ё шояд Чин, ки идораи аксари конҳои тиллоро аз тариқи ширкатҳои чинӣ дар даст дордад, тасмим гирифтааст ба ивази қарзҳояш тиллои ҳаққи Тоҷистонро ҳам ба ЧИн бибарад? 

Вале мутмаинан, ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳалли ин масъала “чораҳои зарурӣ” меандешад. Тавре хадамоти матбуотии вазорати хориҷии кишвар хабар медиҳад, рӯзҳои 21-25 ноябри соли 2022 ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ ва иштирок дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард.

Дар доираи боздид дар шаҳри Берлин вохӯриҳои дуҷонибаи Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбарияти вазоратҳои гуногуни иқтисодӣ,  озуқаворӣ ва кишоварзӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон баргузор гардиданд.

“Ҳамчунин, дар шаҳри Берлин мизи мудаввар дар мавзӯи кандаҳои фоиданоки Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва сармоягузорӣ танзим гардида, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарфиятҳои сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои маъданҳои минераливу ғайриминералӣ ҷалб намуд”, — гуфта мешавад дар хабар.

Шералӣ Кабир аз сармоягузорони олмонӣ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ин имкониятҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

Яъне ба назар мерасад, ҳайати баландпояи Тоҷикистон бо намояндагии муовини якуми сарвазир ва вазири саноат махсус ба ин кишвари аврупоӣ сафар кардаанд, то ки захираҳои табиӣ ва кандаҳои фоиданоки кишварро “реклама” кунанд. 

Гуфта мешавад, дар поёни форуми тиҷоратӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ қарордод ва меморандумҳоро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва воридсозии технологияҳои муосир барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба маблағи зиёда аз 600 млн евро ба имзо расонидаст.

Ба назар мерасад, акнун ҳукумати Тоҷикистон таҳти “сиёсати хирадмандона ва дурандешона”-и “пешво” барои захираҳои табии кишвар харидори наве пайдо кардааст. Захираҳои табии кишвар барои соли оянда аллакай тибқи қарордод ба маблағи 600 млн евро ба Олмон фурӯхта шудааст. Яъне, акнун Раҳмон метавонад каме нафаси сабук кашад, зеро қисме аз буҷаи соли 2023 аллакай аз ҳисоби ин қарордодҳо таъмин шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular