Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳокимаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро муваққатан боздоштаанд

Муҳокимаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро муваққатан боздоштаанд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро муваққатан боздоштааст. Додраси парванда аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоста, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш дар Идораи умури дохилии шаҳри Ваҳдат бисанҷад. Пирмуҳаммадзода моҳи октябри имсол дар номае шикоят кард, ки зери «таҳдиду таҳқир, азобу уқубат ва изолятсияи комил» гуноҳро ба дӯш гирифт.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе менависад, «санҷиш дар миёнаҳои ҳафтаи гузашта шуруъ шуд». Ба қавли ин манбаъ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ҷараёни мурофиа чанд дафъа шиканҷа шуданашро аз тарафи маъмурони милисаи шаҳри Ваҳдат далел овардааст.

«Бинобар ин, додрас хост, шиканҷа шудан ё нашудани ӯро бисанҷанд. То он замон мурофиа таътил шуд. Бо расидани хулосаи муфаттишон муҳокимаи парванда идома хоҳад ёфт,» – гуфтааст ӯ.

Пирмуҳаммадзода дар як номааш аз Боздоштгоҳ моҳи октябри имсол гуфта буд, ки ба мустақилии додгоҳҳо дар Тоҷикистон бовар надорад ва мутмаин аст, ҳукмаш «пеш аз боздошт дар долонҳои ҳукуматӣ содир шудааст».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?