Қосим Қурайшӣ, ҷонишини Созмони Басиҷи Эрон бо намояндагони расонаҳои амниятӣ дар бораи куштори Зоҳидон сӯҳбат кардааст. Дар ин ҷаласа пешниҳодҳое дар бораи беобрӯ кардан ё ба қавли худи Қурайшӣ “тахриби” Мавлавӣ Абдулҳамид матраҳ шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Дойча Велла”-и Олмон хабар медиҳад ва менависад аз як манбаъаш аз масҷиди Маккии Зоҳидон дар бораи ин мавзӯъ тавзеҳоте гирифтааст.
Файли савтӣ, ки рӯзи душанбе 28 ноябр дар канали телеграмии гурӯҳи ҳакерии “Блек Ревард” (Black Reward) мунташир шудааст, марбут ба ҷаласае буда, ки бо ҳузури Қосим Қурайшӣ, ҷонишини Созмони Басиҷ бо шуморе аз хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ баргузор шудааст.
Дар қисматҳое аз ин файли савтӣ, ба куштор дар Зоҳидон дар ду моҳи қабл ва ҳамчунин ба Мавлоно Абдулҳамид, имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон ишора мешавад.
Ҳозирон дар ин ҷаласаи амниятӣ пурсишҳоеро аз ҷумла дар бораи куштани баъзе аз афрод дар дохили масҷиди Макаи аҳли суннати Зоҳидон матраҳ кардаанд. Яке аз ҳозирон дар ин ҷаласа таъид карда, ки “иштибоҳ аз тарафи тирандози болои постгоҳ буда” ва «мутаносиб” амал нашудааст.
Дар бахши дигаре аз ин файли савтӣ аз як мақоми низомӣ дар Систон ва Балучистон низ матраҳ мешавад, ки гуфта мешавад дастур аз боло буда ва систем чунин тасмимеро гирифтааст.
Қурайшӣ дар ин файли савтӣ дар бораи Абдулҳамид мегӯяд: “аз аввали инқилоб як иштибоҳе дар Систон ва Балучистон кардем. Ба мавлавиҳо пару бол додем ва хонҳоро замин задем. Инҳоро аслан одам ҳисоб намекарданд.”
Дастури Хоманаӣ барои “тазаккур” ба Абдулҳамид
Дар ин ҷаласа ҳамчунин Қурайшӣ мегӯяд, ки Мустафо Маҳомӣ, намояндаи раҳбари Эрон дар Систон ва Балучистон ва ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ гузоришеро дар бораи куштори Зоҳидон ба дафтари Хоманаӣ доданд ва Алӣ Хоманаӣ низ дар посух ба ин гузориш хостори он шуда, ки ба Мавлави Абдулҳамид «таззакур” дода шавад.
Қурайшӣ дар идома мегӯяд Муҳаммадҷавод Ҳоҷа Алӣ Акбарӣ, ки ба унвони намояндаи Хоманаӣ ба Зоҳидон сафар карда буд, ба Мавлави Абдулҳамид «тазаккур” додааст.
Ба гуфтаи Қурайшӣ, Хоманаӣ ҳамчунин дастур дода, ки аз хонаводаи кушташудагон “дилҷӯӣ” шавад. Ҷонишини Созмони басиҷ дар идома меафзояд, ки дар бораи муаррифии кушташудагон ба унвони “шаҳид” ихтилофи назар вуҷуд дошта ва худи ӯ мӯътақид буда, ки набояд онҳоро “шаҳид” эълом кард то хонаводаҳоро хостори ғароматгирӣ аз низом нашаванд.
Пешниҳод барои “тахриб”-и Мавлавӣ Абдулҳамид
Дар ин ҷаласа мудирони расонаҳо пешниҳод мекунанд, ки бар рӯйи суханони Мавлавии Абдулҳамид алайҳи ҳуқуқи занон таблиғ шавад.
Яке аз ҳозирон иддао мекунад бештарин табъиз алайҳи занон тавассути аҳли суннат дар Систон ва Балучистон эъмол мешавад ва занон ҳатто ба намоз ҳам наметавонанд биёянд ва рафтори (суниҳо дар Систон ва Балучистон) бо занон бисёр “бадавӣ” аст. Ў пешниҳод мекунад, ки аз сӯҳбатҳои қаблии Абдулҳамид дар мавриди занон бояд истифода шавад.
Дар иртибот бо сӯҳбатҳое, ки дар ин файли савтӣ дар бораи Мавлавӣ Абдулҳамид шуда, то кунун имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, масҷиди Маккӣ ва ё мадрасаи “Дорулъулум” вокунише нишон надодаанд.
Абдулҳамид ва мавзӯъи занон
Аммо як манбаъи маҳаллӣ дар масҷиди Макки Зоҳидон дар гуфтугӯ бо Дойча Велла тавзеҳ дода, ки: “Мавлавӣ Абдулҳамид эҳтимолан дар намози ҷумъа ҳам ба ин мавзӯъ нахоҳад пардохт ва мо ҳанӯз намедонем, ки ин ҷараён чигуна пеш хоҳад рафт.”
Ин манбаъ, ки нахоста номаш фош шавад дар идома ба Дойча Велла гуфтааст он чизе, ки онҳо дар файли савтӣ вонамуд карданд дар мавриди ҳуқуқи занон, дурӯғ аст.
Ӯ идома медиҳад: “дар мавриди ҳуқуқи занон назароти Мавлавӣ Абдулҳамид дар торнамои ӯ баён шудааст. Абдулҳамид як рӯҳонӣ аст ва ба унвони як олими динӣ бар ин бовар аст, ки “ҳиҷоб бояд ихтиёрӣ бошад” ва ҳеҷ ҳукумате наметавонд онро ба зӯр бар занон таҳмил кунад. Мавлавӣ Абдулҳамид ба озодӣ мӯътақид аст.”
Ӯ дар ин иртибот ба мавзӯъи ирсоли паёми табрикии Абдулҳамид ба Толибон ҳам ишора мекунад, ки ба масъалаи ҳуқуқи занон марбут мешавад.
Ӯ гуфт: “дар хусуси ирсоли паёми табрики Абдулҳамид ба Толибон бояд тавзеҳ дод, ки Мавлавӣ ин табрикномаро ба ин шарт фиристод, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром гузошта шавад ва ҳуқуқи башарро риоят бикунанд. Баъдан Мавлоно чандин бор ба Толибон номаҳои тунде ҳам навишта, ки шумо наметавонед мисли 20 соли пеш амал бикунед вагарна шикаст мехӯред. Мо инро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам мебинем.”
Мавлавии Абдулҳамид ахиран эълом карда буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ пас аз 43 сол ба бунбаст расидааст.
Дар бахше аз файли савтӣ дар бораи ин ки занони аҳли суннат ҳатто дар маросими намоз ҳам наметавонанд ширкат кунанд, сӯҳбат мешавад. Дар вокуниш ба ин иддао, ин манбаъи маҳаллӣ аз масҷид Маки мегӯяд ин мавзӯъ дуруст нест чунки дар ҷараёни тирандозии ҳаштум меҳр ба маҷсиди Маккӣ ду нафар аз занони намозгузор низ кушта шуданд. Ин ҳафта ҳам занони балуч пас аз намози ҷумъа дар “ҷумъаҳои эътирозӣ” ширкат карданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

