Saturday, May 31, 2025
ads
HomeХабарҳоУбайдуллоев чаро ва чӣ гуна барканор шуд?

Убайдуллоев чаро ва чӣ гуна барканор шуд?

Барканорӣ ва мақоми шаҳрдор ва шурӯъи бозрасии фаъолияти Маҳмадсайид Убайдуллоев аз ҷониби Ожонсии зиддифасод бо талаби раиси нави Душанбе дар ин авохир дар расонаҳо бозтоби густарда касб кардааст. Ҳоло инҷо аз манобее, ки Паём.нет дастрас карда як миқдор иттифоқотеро, ки рӯзи барканории Убайдуллоев рух дод ба арзи хонанда ироа хоҳем дошт.

Он рӯз шаҳрдор мисли рӯзҳои қабл пайи кори худ будааст. 15 дақиқа қабл аз эъломи фармон ӯро огоҳ мекунанд, ки утоқи кориро барои ҳамеша тахлия кунад,зеро дастури барканории ӯ ба имзо расидааст. Ҳамин тавр дар он дақоиқ пиромани шаҳрдорӣ аз ҷониби кормандони милиса моломол шуда ва Убайдуллоев таҳти назорати шадид аз утоқи корӣ ба манзили зист мунтақил мешавад. Худи ҳамон рӯз тамоми утоқҳои кории ҳайати кории Убайдуллоев аз ҷониби Ожонсии зидди фасод мӯҳр зада шуда ба ҳеҷ як аз кормандони ҳамроҳ бо Убайдуллоев иҷоза намешавад, ки ҳатто ашёи хусусии худро аз утоқи кор бо худ бигиранд.

Бар пояи иттилои расида, ҳамин ҳоло 160 миллион сомонии камомад аз маболиғи буҷҷаи пойтахт ошкор шуда ва ба сирқат ва ё истифодаи ғайримақсадноки он Убайдуллоев мазнун шинохта мешавад.

Зимнан шоми пас аз рӯзи барканорӣ Убайдуллоев ба манзили Раҳмон рафта ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки аз “мӯҳр задан ва оғози тафтиши кори ӯ” мунсариф шавад. “Чун ин кор ба обрӯи худи шумо ҳам асари манфӣ хоҳад дошт”. Аммо он гуна ки бармеояд Калон ин хоҳиши шаҳрдорро сарфи назар кардааст.

Дар зимн иллати барканории Убайдуллоев эътои ордени “Дружба народов” аз ҷониби раиси ҷумҳурии Русия будааст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ тавассути В. Матвиенко, раиси Шӯрои Федерасион- палатаи болоии парлумони Русия ба Убайдуллоев дар шароити мутантан дар Душанбе расонида мешавад. Убайдуллоев хонум Матвиенкоро дар фурудгоҳи Душанбе хеле ҳам бо шаҳомат истиқбол мекунад. Аммо ин иттифоқот барои Раҳмон, ки ҳоло ҳавову шароити комилан дигареро барои худ ва оилааш фароҳам карда ва барои баъди худи ин миллати мустазъаф сарнавишти дигареро дар назар дорад, ба шиддат нороҳат мешавад. Убайдуллоев аз ин “иштибоҳ”-и худ, ки Раҳмонро ба шиддат нигарон кардааст сахт тарсида ва дар расми бадрақаи Матвиенко ба фурудгоҳ намеравад.

Ҳамин тавр ӯ барканор шуд. Вале инки Путин ба Душанбе хоҳад омад ба сарнавишти ӯ ҳеҷ иртибот нахоҳад дошт ва ӯ дар чаҳорчӯби нишасти навбатии ЕврАзес ташриф хоҳад овард. Ва инак анҷоми кори Убайдуллоев ҳам фаро расид. Ва ҳоло сарнавишти ӯро дастони Раҳмон аст ки ҳал хоҳад кард: -зиндон мешавад ва ё дар озодӣ хоҳад буд? Аммо як нукта рӯшан аст ки барои онки дар озодӣ бимонад магарам ки миллионҳои ҷамъкардаашро бо ду дасти адаб барад ва ба Раҳмон ва Рустам бисупорад. Ин ҳамин пул аст, ки онҳоро метавонад аз ҳабси шармандавори Убайдуллоев мунсариф кунад. Онгуна ки Амонулло Ҳукумов, раиси пешини Роҳи оҳан бар ивази вогузории 20 миллион доллар , чанд корхона ва низ шаш бинои 9 табақаи ниматамом ва дар ҳоли анҷоми Душанбе ҳаққи зист дар Ватанро аз Рустам ва падараш дарёфт карда буд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика