Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоДодситони кулл дар Маҷлиси миллӣ ҳисобот хоҳад дод

Додситони кулл дар Маҷлиси миллӣ ҳисобот хоҳад дод

Дар иҷлосияи навбатии 9- уми Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳисоботи Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон шунида хоҳад шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иҷлосияи навбатӣ дар санаи 16-уми феврали соли 2017 қарор ба имзо расонидааст.

Тибқи иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, бояд дар ин иҷлосия прокурори генералии Тоҷикистон дар бораи риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2016 ҳисобот ироа намояд.

Бархе аз посухҳои Юсуф Раҳмон зимни нишастҳои матбуотиаш дар соли 2016 сару садоҳоеро ба бор оварда буд.  Ба таври мисол, рӯзноманигорон аз Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ дар бораи суханҳои Бузургмеҳр Ёров мепурсанд, ӯ дар ҷавоб мегӯяд: “я его незнаю и знать не хочу, фахмидӣ”.

Вакили дифоъ ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров дар чанде аз суханрониҳояш дар мурофиъаи судӣ, сабаби асосии зиндонӣ шуданашро ғаризаи шахсии прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон унвон карда буд.

Баъди ин ҳарфҳои додситони кул, Бузургмеҳр Ёров бо ирсоли як нома аз маҳбас таърихи шиносоӣ ва равобити кориаш бо Юсуфро Раҳмонро расонаӣ кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика