Мардуми садҳо шаҳру рустои Укроин ҳамчунон аз барқ ва гармӣ маҳруманд ва идомаи вазъ метавонад сели тозае аз ҷангзадагонро равонаи Аврупо кунад. Укроин 10 рӯҳонии аршади артадоксро ба иттиҳоми «ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ бо ишғолгарон рус» таҳрим кард.
Муовини вазири умури дохилаи Укроин дар гуфтугӯии телевизионӣ эълом кард 507 шаҳру русто дар ҳашт минтақа ҳамчунон аз барқ маҳруманд. Евгений Енин афзуд: “Харков бо 112 деҳааш бештарин хисоротро мутаҳаммил шуда ва иртиботаш бо ҷаҳони берун қатъ шудааст.”
Енин таъкид кард, ки 90 рустои дигар дар Донетск ва Херсон таҳти таъсири ҳамалоти Русия ба зерсохтҳо қарор доранд.
Хабаргузории Олмон гузориш дода, ки аҳолии Херсон ва шаҳрҳои ҷанубӣ дар чодарҳои имдодии барпошуда, ба барқ дастрасӣ доранд ва ҳадди ақал метавонанд худро гарм кунанд.
НАТО пештар ҳушдор дода буд, ки Русия қасд дорад аз зимистон ба унвони як силоҳи ҷангӣ истифода кунад.
Сафир Олмон: мавҷи нави паноҳҷуёни укроинӣ дар роҳ аст
Мигуел Бергер, сафири Олмон дар Бритониё ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст идомаи ҳамалоти Русия ба зерсохтҳо ва идомаи қатъи барқ, сели тозае аз ҷангздагонро ба сӯи Аврупо равона хоҳад кард.
Бергер тасреҳ карда, ки ин мавҷи фирор аз сармо ва яхбандон хоҳад буд ва интизор меравад дар ҳафтаҳои оянда Олмон шоҳиди он бошад.
Пас аз ҷанг дар Укроин, Олмон пазирои ҳудуд як миллион паноҳҷӯ шуд.
Манфред Вебер, раиси ҳизби мардуми Аврупо (ЕРР) низ нисбат ба ҷаҳиши теъдоди паноҳҷуёни укроинӣ дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳушдор додааст.. Вебер бо ишора ба тахриби идомадори зерсохтҳои энержӣ дар Укроин гуфтааст: “Берлин бояд худро омодаи вазъияти асафбор ва сели ҷангздгоне кунад, ки ба зудӣ ба кишварҳои иттиҳодия сарозер мешаванд.”
Вебер пешбинӣ карда, ки дар ҳафтаҳои оянда, салонҳои варзишӣ ё салонҳои маҷлисии мактабҳо дар Олмон, ночор шаванд фазоҳои худро барои ҷой додани ҷангзадагони Укроинӣ ихтисос диҳанд. Ў аз мақомоти давлатӣ интиқод карда, ки ҳеҷ тадоруке барои чунин эҳтимоле надидаанд ва аз вуқӯъи як буҳрони муҳоҷирати нав ғофил мондаанд.
Укроин 10 рӯҳонии аршади ортодоксро таҳрим кард
Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Укроин, 9 усқуф ва як ходими ортодоксро ба далели ҷонибдорӣ аз Москва таҳрим кард. Дар гузориши сервиси амниятии Укроин — СБУ омада, ки бархе аз рӯҳониён ва ходимони калисо бо «ишғолгарони рус» ҳамкорӣ кардаанд.
Дар шарҳи ин ҳамкорӣ ба тарафдорӣ аз ҷанги таҷовузкорона ё таблиғи ривоятҳои ҳукумати Русия ишора шудааст.
Дороии афроди таҳримшуда қарор аст барои 5 сол масдуд шавад ва онҳо аз ҳаққи додуситади тиҷорӣ низ маҳрум бошанд.
Хабаргузории давлатии Укроин навишта, ки рӯҳонёни ёдшуда умдатан дар хориҷ аз кишвар ё дар манотиқи таҳти ишғоли Маскав зиндагӣ мекунанд.
Бештари ҷамъияти 44-миллионнафарии Укроинро масеҳиёни ортодокс ё православ ташкил медиҳанд. Калисои Укроин ҳамешп таҳти назорати калисои ортодокси Русия фаъолият кардааст, ки акнун таҳти нуфузи усқуф Кирилли якум қарор дорад. Ў аз ҳомиёни сарсахти Владимир Путин аст.
НАСА: Русия як миллиард доллар гандуми Укроинро дуздид
Таҳқиқоти Ожонси фазои Амрико НАСА нишон медиҳад, ки Русия дар соли 2022, ба арзиши ҳудуди як миллиард доллар аз киштгоҳҳо гандуми Укроинро ҷамъоварӣ кардааст.
Тибқи эъломи барномаи амнияти ғизоӣ ва кишоварзии НАСА ва бар асоси додаҳои моҳвораӣ, ҳудуд 5,8 миллион тон гандум аз киштгоҳҳое дар Украина ҷамъоварӣ шудаанд, ки таҳти контрол ин кишвар нестанд.
Коршиносони ин барнома тахмин задаанд, ки дар маҷмӯъ 26,6 миллион тон гандум дар соли ҷорӣ дар Укроин бардошт шуда, ки бисёр бештар аз пешбиниҳои қаблӣ аст. Рекорди бардошти соли қабл 33 миллион тон буд.
Сервисҳои иттилоотии Амрико: таҳаррукоти ҷангии Русия сусттар шудаанд
Ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии Иёлоти муттаҳида аз идомаи коҳиши суръати амалиёти низомии Русия дар Укроин хабар медиҳанд. Хонум Аврил Ҳанс, мудири идораи иттилооти миллии Амрико гуфтааст: “мо шоҳиди камшавии даргириҳо ҳастем ва интизор дорем ин раванд дар моҳҳои оянда идома ёбад.”
Таҳлилгарони «андешакадаи мутолиоти ҷанг» дар Амрико аммо гуфтаанд, ки суръати амалиёт метавонад бо ях бастани замин афзоиш ёбид. Тибқи бароварди онҳо амалиёти тарафайн ба далел гилу лойи замин мутаваққиф ё кунд шудааст.
Ба назар мерасад ҳар у кишвар дар тадоруки як зидҳамла ва омодасозии лоҷистикӣ бошанд. Вазорати дифоъи Бритониё пештар эълом карда буд, ки Русия дар садади муҳосираи Баҳмут дар минтақаи Донетск ва таҳдиди манотиқи шимолу шарқи Укроин аст. Ин вазоратхона гуфтааст, тасарруфт Баҳмут аз назари амалиётӣ арзиши чандоне надорад, аммо метавонад мӯҷиби таҳдиди шаҳрҳои шимолу шарқии Краматорск ва Славянск шавад: “эҳтимоли воқеъбинона ин аст, ки гирифтани Баҳмут як ҳадафи намодин ва сиёсӣ барои Русия бошад.”
Коршиносон дар айни ҳол гуфтаанд, ки бо вуҷуди ҳамлаи Русия ба шабакаи барқи Укроин ва дигар таъсисоти ғайринизомӣ, ҳеҷ нишонае аз коҳиши иродаи Киев барои муқовамат дида намешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

