Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукми Далери Имомалӣ бетағйир монд

Ҳукми Далери Имомалӣ бетағйир монд

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 10 соли зиндони Далери Имомалӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 30-юми ноябр дар СИЗО пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати наздикони Далери Имомалӣ баргузор шудааст.

Тибқи иттилоъи “Азия-Плюс” бо истинод ба Саъдулло Қаюмзода, вакили дифои Далери Имомалӣ, додрас ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз 17-уми октябри соли равон нисбати зерҳимояашро бетағйир гузошт.

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли равон ба 10 соли зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.

Худи Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ирсол шада,  навишт, ки тафтишу мурофиааш пур аз «дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд» буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Гуфта мешавад, ки мурофиаи навбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд ва наздикону пайвандон, аз ҷумла падару модар ва ҳамсари Далери Имомалӣ натавонистанд, ки дар он ширкат кунанд.

Саъдулло Қаююмзода афзуд, азм доранд аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин, ба зинаи болоии додгоҳ – назоратӣ шикоят баранд.

Ёдовар мешавем, ки вакили дифоъ ва наздикони Далери Имомалӣ ҳудудан як моҳ пештар аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурда, хостори бознигарии ҳукми зинаи поёнии судӣ шуда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular