Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШоҳрух Хон дар Макка. Интишори аксҳои ситораи Болливуд бо либоси эҳром хабарсоз...

Шоҳрух Хон дар Макка. Интишори аксҳои ситораи Болливуд бо либоси эҳром хабарсоз шуд

Интишори тасовире аз ҳузури Шоҳрух Хон, ситораи синамои Болливуд дар Макка дар расонаҳои ҳиндӣ хабарсоз шудааст. 

Ин аксҳо замоне мунташир шуда, ки Шоҳрух Хон барои тасвирбардории филми “Донки” дар Арабистон ҳузур дорад. 

Шоҳрух Хон рӯзи чаҳоршанбе аз такмили проекти тасвирбардории филми “Донки” дар Арабистон хабар дода буд. 

Акнун чанд акс аз Шоҳрух  Хон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, ки дар он ӯ дар ҳоли адои маносики мазҳабӣ дар шаҳр Макка дида мешавад. 

Дар аксҳое, ки дар сафаҳоти ҳаводорони Шоҳрух мунташир шудааст, ин бозигар дар муҳосираи мардум дида мешавад. Ў бар асоси эътиқодоти мусулмонон ҳангоми анҷоми умра, пӯшоки сафедранги эҳромро бар тан кардааст. 

Шоҳрух Хон рӯзи чаҳоршанбе бо интишори видеое дар инстаграми худ аз вазорати фарҳанги Арабистони саудӣ ба хотири меҳмоннавозии гарм дар тӯл филмбардорӣ ташаккур карда буд. 

Бо ин ҳол ин ситораи синамои Ҳинд дар бораи дидораш аз амокини мазҳабӣ дар Арабистон ҳанӯз ба таври расмӣ чизе нагуфтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular