Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБарои рушди иқтисод соли оянда 12,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст

Барои рушди иқтисод соли оянда 12,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дар соли оянда барои рушди иқтисоди воқеии Тоҷикистон ҷудосозии беш аз 12 миллиарду 600 миллион сомонӣ, ҳудуди беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллар дар назар аст. Ин маблағ аз ҳисоби буҷаи давлатии соли 2023 пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилоъи вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли оянда барои рушди иқтисод 12 миллиарду 681 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 9,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Зиёда аз 6 миллиард сомонии ин маблаг ба рушди бахши сузишворию соҳаи энержӣ равона карда мешавад. Вазифаи аввалиндараҷаи саноат аз таъмини маблағ ба сохтмон ва азнавсозии пойгоҳҳои барқи  обии кишвар мебошад.

Дар маҷмӯъ, рушди иқтисодӣ дар соли 2023 дар сатҳи 7,8 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тибқи дурнамо 127 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Даромади буҷаи давлатй аз руи ҳамаи манбаъхои даромад ба маблағи 37 миллиарду 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қисми хароҷот 38 миллиарду 100миллион сомониро ташкил медиҳад. Яъне хароҷот аз даромад 1 миллиард сомонӣ зиёд пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?