Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон ним миллион китоби дарсӣ намерасад

Дар Тоҷикистон ним миллион китоби дарсӣ намерасад

Дар мактабҳои Тоҷикистон 44 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди тақрибан 500 ҳазор нусха намерасидааст. Ин дар ҳолест, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон даъво дорад, ки танҳо дар соли ҷорӣ онҳо беш аз 4 млн нусха китоби дарсӣ нашр кардаанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс”  бо истинод аз гуфтаи Наҷмиддин Зайниддинзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми кишвар менависад, давоми соли равон 40 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 4 млн 318 ҳазору 630 нусха нашр кардаанд, ки ин дар муқоиса ба соли 2021-ум 1 млн 397 ҳазор нусха зиёд аст. Вале бо вуҷуди ин, дар кишвар норасоии китобҳои дарсӣ ба чашм мерасад.

Ба гуфтаи Зайниддинзода, эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили имсола, 4 млн 508 ҳазору 260 нусха буд ва онҳо тавонистанд, то охири моҳи октябр мактабҳоро бо 4 млн 55 ҳазору 795 нусха китоби дарсӣ таъмин кунанд.

“Яъне то имрӯз мактабҳои Тоҷикистон ба 452 ҳазору 465 нусха китобҳои дарсӣ эҳтиёҷ доранд. 

Ин масъули Вазорати маориф ва илм гуфта, ки китобҳо дар мактабҳои Тоҷикистон бо усули иҷора тақсим карда мешавад.

Аммо хабаргузорӣ менависад, дар натиҷаи як назарсанҷӣ дониста шудааст, ки 30 дарсади тоҷикон китобҳои дарсиро мустақилона харида, 70 дарсади дигар онҳоро аз мактаб ба иҷора мегиранд. 

Арзиши умумии иҷораи китобҳои дарсӣ дар як сол метавонад аз 50 сомонӣ то 200 сомонӣ ва зиёдтар аз онро ташкил диҳад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки иҷораи пулакии китобҳои дарсӣ метавонад риоя накардани ҳуқуқ ба таҳсили умумӣ бошад, ки дар моддаи 41-и Конститусияи ҶТ муқаррар шудааст.

Мушкилӣ норасоии китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон чанд сол аст идома дорад. Тавре гуфта мешавад, вазорати маориф ва илм барои ҳалли он кӯшиш дорад, вале тавре дида мешавад, он басанда нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?