Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚатли зану фарзанд аз ҷониби сардори хонавода

Қатли зану фарзанд аз ҷониби сардори хонавода

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода, кӯдак шоҳиди кушта шудани модараш мешавад.

“Кӯдак мебинад, ки падар модарашро кушта истодааст, ба бобояш занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Падар барои ин рафтораш кӯдак ва дар як вақт, шоҳиди ҳодисаро ба қатл расонида, ҷисми ӯро низ оташ мезанад”, — гуфт ӯ.

Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот ба мо ироа накард, танҳо гуфт, зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.

Айни замон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишоти он идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular