Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВуруди «Яндекс GO» ба бозори Тоҷикистон тасдиқ шуд

Вуруди «Яндекс GO» ба бозори Тоҷикистон тасдиқ шуд

Хабари Паём дар бораи ворид шудани ширкати хидматрасониҳои «Яндекс GO» ба Тоҷикистон тасдиқ шуд. Акнун дар бозори хидматрасонии такси — ширкати маъруфи фармоиши такси, хӯрок, молу маҳсулот, расонидани бор ва дигар хидматрасониҳои «Яндекс GO» фаъолият хоҳад кард. 

Хабаргузории “Азия-Плюс” навишт, ки барояш муяссар шудааст, бо масъулини ин ширкат тамос гирад ва онҳооғози фаъолияташон дар Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар фурӯшгоҳи замимаҳои App Store ва Google Play Market дар бораи рӯйи кор омадани замимаи Яндекс GO дар Душанбе аллакай анонсҳо ҳастанд.

Агар шумо ҳозир замимаи онҳоро дар смартфони худ насб кунед, ҳоло муваққатан ба шумо хидматрасониҳои Яндекс GO-ро пешниҳод карда наметавонанд. Дар қисми поёни замима ба ҷойи аломати “фармоиш” (заказать) навиштаи “Аз вақти ба кор даромадани хидматрасонӣ хабар медиҳем” (Сообщим, когда сервис заработает) пайдо мешавад. Тибқи замима, ширкат хидматрасониҳоеро чун “комфортное такси” (таксии бароҳат), мотокурер ва автокурер дар Душанбе роҳандозӣ мекунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Instagram, аллакай рекламаи «Яндекс GO Таджикистан» нашр шуда, дар пойтахт баъзан бо таксии рангаш зарди бо варақҳои часпонида аз ин ширкат вохӯрдан мумкин аст.

Масъули рекламаи Yandex GO дар Душанбе Элмаз Бархонова ба АзияПлюс гуфтааст, ки ҳозир мо хидматрасониро дар Тоҷикистон санҷида истодаем. Хабарҳои моро пайгир бошед — ба наздикӣ дар бораи расман ба кор оғоз кардан огоҳ мекунем”.

Гуфтанист, чанде пеш Паём хабар дода буд, ки ширкати «Яндекс GO» ҳамчун шарики бизнеси Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе вориди бозори хидматрасониҳои Тоҷикистон мешавад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?