Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРақобатҳои якчаҳорумниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Қатар имрӯз шурӯъ мешавад

Рақобатҳои якчаҳорумниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Қатар имрӯз шурӯъ мешавад

Рақобатҳои марҳалаи якчаҳорумниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022 Қатар имрӯз бо дидори Бразилия ва Хорватия  соати 20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. 

Ин марҳала бо дидорҳои Нидерланд-Аргентина, Марокаш-Португалия ва Англис-Фаронса пайгирӣ хоҳад шуд. 

Дар ин росто, дидори Нидерланд ва Аргентина низ имрӯз соати 22 дар варзишгоҳи 88 ҳазор нафараи “Лусаил”-и Қатар баргузор хоҳад шуд. 

Дар яке аз дидорҳои якчаҳорумниҳоӣ тими миллии Марокаш “шерҳои атлас” ба унвони танҳо намояндаи африқоӣ дар ин марҳала бо Португалия рақобат хоҳад кард. 

Ин дидор рӯзи шанбе дар стадиони Ал-Тумама соати 20 баргузор хоҳад шуд. 

Рӯзи шанбе ҳамчунин саҳнаи як бозии муҳим дигар байни Фаронса ва Бринтаниё хоҳад шуд. 

Ин дидор низ дар стадиони Ал-Байт ва нимашабӣ баргузор хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular