Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмзои 25 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон

Имзои 25 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон

Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон тай як соли ахир беш аз 25 санади ҳамкорӣ ба имзо расондааст.  Дар ин бора хабаргузории ИРНА бо истинод ба раиси эронии Комиссиюни ҳамкориҳои муштарак иқтисодии Эрону Тоҷикистон Алиакбар Меҳробиён хабар медиҳад.  

Ӯ рӯзи сешанбе, 6 декабр дар маросим ҷамъбастии понздаҳумин иҷлос Комиссиюни ҳамкории муштарак иқтисоди Эрон ва Тоҷикистон дар Вазорати нирӯи Эрон гуфтааст: “дар ду рӯзи баргузории ин иҷлос кумитаҳои муштараки байни ду кишвар фаъолиятҳои худро оғоз карда ва дар музокирот ба тавофуқҳое даст ёфтанд”. 

Меҳробиён изофа карда: кумитаи тиҷорӣ, бозаргонӣ ва умури бонкӣ ва бима ва манотиқи озоди тиҷорӣ санади хубе таҳия кард ва тавофуқҳои хубе дар бораи манотиқи озоди тиҷорӣ ва табодулоти тиҷорӣ ҳосил шуд. 

 Ба иттилоъи раис эронии комиссиюни ҳамкори муштарак иқтисоди Эрон ва Тоҷикистон дар бораи фаъолсозии мактаби “Рӯдакӣ” дар шаҳри душанбе тавофуқ ҳосил шудааст, ки ин мактаб дар солҳои гузашта сохта шуда аммо фаъол набуд. 

Ба гуфтаи ӯ “тавофуқҳои бисёр хубе дар замина дору ва дармон ҳосил шуд” ва “дар бахши ғизо ва дору ҳам тавофуқҳои хубе ҳосил шуд, ки умед аст зудтар иҷрои шаванд”. 

Кумита ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва иртибототу фановарӣ ҳам муваффақ шудааст байни устони Хуросон разавӣ ва Тоҷикистон тавофуқҳое ба анҷом расонад. 

Ҳамчунин дар бахши нафт ва фаровардаҳои нафтӣ чанд созишнома имзо шудааст. 

Меҳробиён бо ишора ба таҷрибаи сохти неругоҳи Сангтӯда дар Тоҷикистон изҳор дошт: ин неругоҳ амалкарди хубе дорад ва бо зарфияти комил дар ҳоли фаъолият аст ва барқро ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои атроф медиҳад. 

Раиси эронии комиссиюни ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон гуфт: дар ҳоли ҳозир ҳаҷми равобити Эрону Тоҷикистон се баробар шуда ва умед аст ин раванди болоравӣ идома дошта бошад. 

Ӯ гуфтааст: имрӯз ширкатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон бахши қобили таваҷҷуҳе аз сохти ниругоҳи Роғунро дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд. Чунин маълумот қаблан дар ҳеҷ куҷое садо надода буд. 

Вазир неруи Эрон изҳор дошта: масъулони Тоҷикистон ҳам дар сафари гузашта ва ин сафар ибрози тамоюл карданд, ки ширкатҳои эронӣ нисбат ба сохти сареътари ин неругоҳ иқдом кунанд. 

Ӯ аз ҳама ширкатҳои фаъоли Эрон даъват кардааст “барои ҳузур дар кишвари Тоҷикистон барои мубодилот коло ва хадамот ба вижа содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ҳузур ба амал оваранд. Ин масъала метавонад бозори хуберо барои онҳо аз назари иқтисодӣ фароҳам кунад”. 

Вай дар бораи музокироти суратгирифта дар ҳавзаи нафт ва фаровардаҳои нафтӣ низ хотирнишон карда: дар ин бахш музокироте анҷом шуда ва дар идомат сафарт оқои вазир (-и энергетикаи Тоҷикистон) ҷаласаеро дар вазорати нафти Эрон хоҳанд дошт, ки идома музокирот думбол мешавад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular