Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСӯхтор дар бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд

Сӯхтор дар бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд

Сӯхтор дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора “Asia-Plus” бо истинод ба Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Қодирзода гуфтааст, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.

“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”, — гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин, ӯ таъкид намуда, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.

Дирӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular