Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБарномаи баландпарвозонаи Ҳинд: Суфориши 500 ҳавопаймои мусофирбарӣ

Барномаи баландпарвозонаи Ҳинд: Суфориши 500 ҳавопаймои мусофирбарӣ

Хабаргузории Рейтерз ба нақл аз мақомҳои огоҳ аз имзои зудҳангоми қарордоди суфориши 500 фарванд ҳавопаймоии мусофирбарӣ аз сӯи Эйр индиа (Air india) ба ширкатҳои Эйрбас ва Боинг хабар дод. 

Ин суфориш шомили таҳвили 400 фарванд ҳавопаймои борикпайкар ва 100 фарванд ҳавопаймои паҳнпайкар аз ҷумла даҳҳо Эйрбас А 350 ва Боинг 787 ва 777 тайи 10 соли оянда хоҳад буд ва арзиши он дар маҷмӯъ ҳудуди 100 миллиард доллар баровард шудааст. 

Ин қарордод дар сурати имзои ниҳоии он ки Рейтерз замони онро наздик унвон кардааст, аз суфориши хариди таърихии хутути ҳавоии Амрико (American Airlines), ки ҳамзамон иқдом ба ақди қарордоди хариди 460 ҳавопаймои Эйрбас ва Боинг карда буд, пешӣ хоҳад гирифт. 

Албатта ҳанӯз ширкатҳои Эйрбас ва Боинг ва низ ҳавопаймоии Ҳинд ба ин хабари Рейтерз вокуниш нишон надодаанд. Аммо интишори ин хабар танҳо чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки гурӯҳи “Тата” аз идғоми ду ширкати ҳавопаймоии Эйр индиа ва Висторо таҳти сармоягузории муштарак бо хутути ҳавоии Сингапур хабар дод. 

Ин идғом, новгони (флоти) гурӯҳи “Тата”-ро ба 218 фарванд ҳавопаймо мерасонад ва Эйр индиаро ба як ҳавопаймоии матраҳи байналмилалӣ ва дувумин ширкати бузург дар бозори дохилии Ҳинд пас аз Индиго (Indigo) бадал мекунад. 

Эйр индиа дар соли 1932 тавассути гурӯҳи чанд миллиятии “Тата”, ки дар Мумбай мустақар аст, таъсис ва дар соли 1953 миллӣ шуд. “Тата” дар январи гузашта дубора моликияти ин ширкати ҳавоиро, ки тайи солҳои ахир бо буҳрони молӣ мувоҷеҳ шуда буд, ба даст гирифт ва талош барои матраҳ кардани он дар бозори ҳамлу нақли мусофирро оғоз кард. 

Дар ҳоли ҳозир саҳми қобили таваҷҷуҳе аз трафики ҳавоии Ҳинд дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймои кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс аз ҷумла Аморот аст. 

Коршиносон тавсеаи хутути ҳавоии “Эйр индиа”-ро гоми муҳим дар таҳаққуқи ҳадафи Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд барои афзоиши тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар ба 5 трилион доллар арзёбӣ мекунанд, бо ин вуҷуд нисбат ба кундии таҳаққуқи ин ҳадаф бо таваҷҷуҳи манеъаҳое ҳамчун камбуди халабон, зерсохтҳои заифи дохилӣ ва рақобат бо дигар рақибони минтақаӣ ҳушдор медиҳанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular