Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИҷлоси Амрико ва Африқо дар Вашингтон: Рақобат бо Чину Русия

Иҷлоси Амрико ва Африқо дар Вашингтон: Рақобат бо Чину Русия

Иёлоти муттаҳида масири беҳбудии равобит бо Африқо ва ҷуброни саҳлангориҳои гузаштаро дар пеш гирифтааст, то аз рақибони аслии худ ақиб намонад. Давлати Доналд Трамп ба кишварҳои африқоӣ аҳамияте намедод ва ба густариши нуфузи Чину Русия дар онҳо беэътино буд. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико замоне дар нишасти ройзанӣ бо намояндагони Кунгира дар бораи қавонини муҳоҷират, бархе кишварҳои африқоиро “чоҳи партовҳо” хонда ва пурсида буд, чаро Иёлоти муттаҳида бояд пазирои шаҳрвандони ин кишварҳо бошад. 

Истифода аз ин таъбир бо вокуниши интиқодии байналмилалии густурдае рӯ ба рӯ шуд ва дафтари намояндагии Иттиҳодия Африқо дар Вашингтон онро тавҳиномез ва нижодпарастона хонд. 

Гарчӣ Трамп ва бархе наздиконаш ба кор бурдани ин ибораро такзиб карданд аммо бархе ҳозирон дар нишасти ёдшуда онро таъйид карданд. 

Гузашта аз ин, раисҷумҳури пешини Амрико ҳамвора сиёсати беэътиноӣ ба кишварҳои африқоиро думбол мекард ва ҳатто муддатҳо сафоратхонаҳои Иёлоти муттаҳида дар бархе кишварҳои африқоиро бидуни сафир гузошта буд. 

Чархиш дар сиёсати Амрико дар қиболи Африқо дар давлати Байден 

Бо вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед дар январи соли пеши сиёсатҳои Амрико дар қиболи кишварҳои қораи Африқо рӯ ба як таҳаввул ва дигаргунии ошкор овард. 

Яке аз паёмадҳои ин тағйир баргузории иҷлоси муштараки сарони Амрико ва беш аз 50 кишвари африқоӣ аст, ки кори худро рӯзи сешанбе, 13 декабр дар Вашингтон оғоз кард. 

Акнун таваҷҷуҳ ба қораи Африқо, ки 55 кишварро шомил мешавад бисёр зиёд шуда ва давлатмардони Иёлоти муттаҳида низ медонанд, ки ин кишварҳо дар ояндаи ҷаҳон чӣ нақш меҳварӣ ва бо аҳамияте хоҳанд дошт. 

Таваррум, афзоиши қимати энержӣ, таъсири ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Укроин бар қимати маводи ғизоӣ ва тағйироти иқлимӣ аз ҷумлаи масоиле аст, ки қарор аст дар ин иҷлос дар бораи онҳо баҳсу ройзанӣ шавад. 

Афзоишии африқоиҳо дар нисбати ҷамъияти ҷаҳон 

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи давлати Байден дар тозатарин боздиди худ аз чанд кишвари африқоӣ дар моҳи август бо ишора ба ин, ки то соли 2025 аз ҳар чаҳор шаҳрванди ҷаҳон яке африқоӣ хоҳад буд гуфт, ин масъала на танҳо сарнавишти ин қора, ки сарнавишти кулли ҷаҳонро шакл хоҳад дод. 

Афзун бар ин, Африқо дорои бузургтарин минтақаи озоди тиҷории ҷаҳон ва аэкосистеми бисёр гуногун аст ва кишварҳои африқоӣ беш аз як чаҳоруми аъзои Созмони милал ҳастанд ва ироаи онҳо дар тасмимгириҳои ин ниҳоди байналмилалӣ бисёр аҳамият дорад. 

Блинкен мегӯяд, стратегияи Иёлоти муттаҳида мубтанӣ бар ин шинохт аст, ки Африқо як қудрати геополитикии азим аст, ки гузаштаи моро шакл дода ва акнун ва ояндаи моро ҳам шакл медиҳад. 

Ба бовари ӯ ҳали чолишҳои ҷаҳонӣ дар арсаҳои гуногун фақат дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Африқо ва кишварҳои узви он имконпазир хоҳад буд. 

Вазири хориҷаи Амрико мегӯяд, чӣ дар заминаи муқобила бо пандемӣ, эҷоди фурсатҳои иқтисодӣ ва мубориза бо буҳронҳои обуҳавоӣ ва чӣ дар арсаи густариши дастрасӣ ба энержӣ, эҳёи демокрасиҳо ё тақвияти назми озоди ҷаҳонӣ, агар ба унвони шарикони баробар ҳамкорӣ накунем ба ҳеҷ як аз ин аҳдоф даст пайдо нахоҳем кард. 

Зарурати рақобат бо Чин ва Русия 

Майкл О,Хэнлон, коршиноси умури Африқо дар муассисаи Брукингс эътиқод дорад, ки Амрико дар Африқо дар пайи таъмини амнияти миллии худ аз тариқи мубориза бо терроризм ҳам ҳаст аммо таъмини манофеъи иқтисодӣ, ба хусус дар рақобат бо Чин ва Русия низ нақши муҳимме дорад. 

Ӯ ба канали як телевизиони Олмон (ARD) гуфтааст, Чин ва Русия дар Африқо бисёр фаъол ҳастанд ва табиист, ки агар Амрико бихоҳад мавқеияти худ дар сатҳи ҷаҳониро ҳифз кунад бояд бо онҳо вориди рақобат шавад. 

Қораи Африқо дороии маводи хом ва захоири зерзаминии бо арзише аст, ки саноеъи худравсозӣ ва ғӯлҳои фановарии Иёлоти муттаҳида ба шиддат ба онҳо вобаста ҳастанд. 

Ба гуфтаи коршиноси муассисаи Брукингс, барои тавлиди худравҳои барқӣ ва таъмини ниёзи рӯзафзун ба дастакҳои электроникии модерн ба маводи маъданӣ монанди култон ва хокҳои камёб эҳтиёҷ аст, ки ба унвони мисол дар Конго истихроҷ мешаванд. 

Ӯ афзуд, дар ағлаби мавриди манбаъи ҷойгузин барои таъмини ин мавод кишвари Чин аст, ки Иёлоти муттаҳида намехоҳад худро вобаста ба он кунад. 

Муқобила бо тағйироти иқлимӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва тақвияти системи беҳдоштӣ аз ҷумла масоиле аст, ки қарор аст дар иҷлоси Вашингтон дар бораи онҳо гуфтугӯ шавад. Ҷо Байден ваъда дода ба талош барои пазириши Иттиҳодияи Африқо дар ҷамъи кишварҳои гурӯҳи 20 идома диҳад. 

Мэри Кэтрин Фэй, маъмури вижаи давлати Байден дар умури Африқо интизор дорад, ки ин иҷлос гоми муҳимме дар наздикии бештари равобити Амрико ва кишварҳои африқоӣ бошад. 

Ӯ ибрози умедворӣ карда, ки ширкаткунандагони африқоии иҷлос бо ин эҳсос ба хона бозгарданд, ки мушорикат ва ҳамкорӣ бо Иёлоти муттаҳида барои зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони Африқо таҳаввулоти бузурге эҷод мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular