Wednesday, July 2, 2025
ads
HomeХабарҳоФаъолияти монополистҳоро кӣ таҳти назорат мегирад?

Фаъолияти монополистҳоро кӣ таҳти назорат мегирад?

Парлумони Тоҷикистон қонуни пешниҳодшуда аз тарафи ҳукумати кишвар “Дар бораи ҳимояи рақобат”-ро қабул кард, ки тибқи он дар назар аст фаъолияти ширкатҳои монополист назорат шавад.

Ҳамчунин ин қонун меъёри инҳисорӣ номидани ширкатҳоро поён бурд. Минбаъд ширкате, ки 15 дарсади бозорро дар даст дорад инҳисорӣ номида мешавад. Қаблан ин рақам 25 дарсад буд.

Ин қонун назорати нархи бозорҳо дар рӯзҳои идро низ пешбинӣ кардааст, ки тибқи он ҳукумат қабл аз ид барои 90 рӯз нархи маҳсулоти зарурияти аввалия доштаро тасдиқ мекунад ва он аз тарафи мақомоти дахлдор назорат мешавад.

Саъдӣ Қодирзода, раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ки имрӯз 1 феврал ин қонунро дар парлумон муаррифӣ мекард гуфт, ҳадаф аз қабули ин қонун таъмини рақобати солим дар бозори мол ва хидматрасонӣ аст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллӣ ҳам аз ин қонун дастгирӣ кард ва гуфт, ки бояд аз зуҳури монополияҳо ҷилавгирӣ карда шавад.

Аммо коршиносон мегӯянд назорати ширкатҳои инҳисорӣ ё монополист  кори саҳле нест. Ин ширкатҳо асосан ба наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад ва зӯри на парлумон ва на ҳеҷ сохтори давлатие ба онҳо намерасад.  

Тибқи иттилои манобеъи гуногун бозори орд, равған, шакар, гӯшти мурғ, бензин, гази моеъ ва дигар маҳсулоти зарурӣ аз тарафи хонаводаи раисҷумҳур монополия шудааст.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?