Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАлизода шиканҷа шудани наҳзатиёнро рад кард

Ализода шиканҷа шудани наҳзатиёнро рад кард

Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли хабарнигорон шиканҷа шудани аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рад кард.

Ӯ гуфт намояндагонаш дар мурофиаи аъзои ҲНИТ ширкат доштаанд, аммо ҳеҷ шикояте аз шиканҷа шудани боздоштшудагон нашунидаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи Ализода намояндагони ваколатдори ҳуқуқи башар бо маҳбусони наҳзатӣ дар зиндон ҳам дидор ва гуфтугӯ кардаанд, аммо ҳеҷ нафари онҳо аз шиканҷа шикоят накардааст.

Ализода мегӯяд намояндагонаш дар ҳамаи мурофиаҳо ширкат намуда, ҳеҷ шикояте аз шиканҷа шудан нашунидаанд. Аммо дар сабти навори мурофиа, ки дар ихтиёри Паём.нет қарор дорад ва қисми аввали онро мо нашр кардем, маҳбусон аз шиканҷа сӯҳбат мекунанд, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular