Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚимати дизел ҳам каме поён рафтааст

Қимати дизел ҳам каме поён рафтааст

Дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории дизелӣ, ки моҳҳо ба ин тараф арзон намешуд, андак поён шудааст. 

Дар тоблӯи ширкатҳое, ки дар навоҳии вилояти Суғд ба фурӯши маводи сӯхт машғуланд тағйирот ворид шудааст. Бар тибқи нархномаи нав дида мешавад, ки арзиши сӯзишвории дизелӣ ба 11 сомониву 80 дирам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди як сол ба ин тараф қариб, ки аз 12 сомонӣ тағйир наёфта буду аз ҳама сӯзишвории гарон арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, сабаби асосии арзон шудани солярка ин ба воридоти он аз ҳориҷа вобастагии зич дорад. Шурӯъ аз ҳамин ҳафта ин ин навъи сӯзишворӣ бо нархи нисбатан арзон ворид шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular