Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҳсулоти кишоварзии Суғд ба Қазоқистон содирот мешавад

Маҳсулоти кишоварзии Суғд ба Қазоқистон содирот мешавад

Дар доираи сафари соҳибкорони қазоқ ба вилояти Суғд чанд созишнома, ки гуфта мешавад асосан ба содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қазоқистон бастагӣ доранд, ба имзо расонидаанд.

Тибқи иттилоъи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд байни ҶДММ «Зардолу ва К» ва ҶДММ  «Скиф Трейд», ҶДММ «Меваю сабзавот» ва ҶДММ «Lion Fruit», ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» ва ҶДММ «Umay Agro Impex», ҶДММ «Агробиёхим» ва ҶДММ  «Скиф Трейд» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. 

Ҳамзамон, тибқи иттилоъи манбаъ дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқоти соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Қазоқистон доир гардид.

Дар мулоқот имконоти сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Суғд ва ҳаҷми содироти он ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ ва меваи хушку тар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби доираҳои тиҷоратии ду кишвар имконоти тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот дар бозорҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ карда шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular