Миллатгарои рус, раҳбари фраксияи «Русияи одилона — барои ҳақиқат» Сергей Миронов дар шабакаи Телеграми худ бори дигар масъалаи “мушкилоти марбут ба вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ ба Русия”-ро бардоштааст. Ӯ мисли ҳамеша мавқеъи тундгароёнае дорад.
«Мавқеъи ҳизби мо хеле рӯшан аст: ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони ИДМ ва моратория ба додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон. Аммо, бешубҳа, фишангҳои иқтисодӣ бояд ба чораҳои маъмурӣ илова карда шаванд», — навиштааст вакили Думаи Русия.
Миронов бар ин назар аст, ки сохторҳои иҷтимоӣ ва амният аз сабаби «анклавҳои этникӣ» зарар мебинанд. Ҳамчунин, раиси фраксия аз он ки корфармоён гӯё аз ба кор гирифтани муҳоҷирон фоида мебинанд, қаноатманд нест. Бинобар ин вакил пешниҳод мекунад, ки барои истифодаи “коргарони хоричй” андози иловагй чорй карда шавад.
«Ин корфарморо маҷбур мекунад, ки бори дигар андеша кунад, ки оё ба ӯ муҳоҷирон лозим аст ва чӣ миқдор? Ва чун андози даромад тақрибан пурра ба буҷаи вилоятҳо ворид мешавад, барои ҳалли мушкилиҳое, ки аз вуруди коргарони гастербайтер ба вуҷуд омадааст, маблағҳои иловагӣ пайдо мешаванд», гуфтааст Миронов.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

