Як сокини Тоҷикистон шаби 27 январ дар вилояти Саратов ба таври фоҷеабор ба ҳалокат расид.
Олег Костин, вазири беҳдошти ин минтақа дар шабакаи , дар ин бора хабар дода навишт, ки дар ноҳияи Ершов садама рух дода, бар асари он се нафар захмӣ шудаанд.
Бино ба иттилои Бозрасии давлатиии автомобилӣ, соати 15:00 дар наздикии деҳаи Нав дар шоҳроҳи Ершов-Озинки як мошин ба ҷӯйборе сарозер шудааст.
Дар натиҷа як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Як тоҷикистонии дигар, ки 22-сола доштааст захмӣ шудааст. Ҳамчунин сокини 19-солаи ноҳияи Ершов захмӣ шуда ба бемористон интиқол ёфтааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

