Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҷаммӯъи даҳҳо сокини Кӯлоб дар назди бинои ҳукумати шаҳр

Таҷаммӯъи даҳҳо сокини Кӯлоб дар назди бинои ҳукумати шаҳр

Ҳудуди сад нафар сокини Кӯлоб бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 30-юми январ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2-юм ба 3-юми январ аз сӯйи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон бохт. Мақомот дар ибтидо ва дар пайванд ба марги ӯ се милисаро боздошт карда, вале танҳо нисбат ба як нафар парванда кушоданд.

Эътирозгарон рӯзи душанбе талаб кардаанд, ду милисаи дигаре, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов гумонзад буданд, низ боздошт шаванд.

Давлат Розиқов, бародари Абдуқаҳҳор Розиқов гуфт, бо онҳо Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, суҳбат кард.

«Мо ба он хотир рафтем, ки корро қонунӣ бинанд. Ду нафарро ҷавоб доданд, фақат як касро парванда карданд. Як нафар имкон надошт, ки Абдуқаҳҳорро бикушад. Мақсади мо ҳамин буд. Гуфтем, аз рӯйи қонун тафтиш кунанд. Бо раиси шаҳр гап задем. Гуфт, тафтишот аст ва ҷавоби ташхис ҳанӯз наомадааст,» – афзудааст ӯ.

Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов, ки нахоста номаш зикр шавад, гуфтааст намояндаи Идораи амният ва Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб низ бо онҳо суҳбат кардаанд. Онҳо иҷозат надодаанд, ки аксу навор бардошта шавад.

«Гуфтанд, ҳар чизе доред, ба мо гӯед, худамон ҳал мекунем. Дар Интернет паҳн мекунед, ҳеч чиз ҳал намешавад. Таъкид карданд, ки дигар одами бисёр ҷамъ нашавед ва ҳар вақте омадед, ду-се нафар оед,» — гуфтааст ӯ.

Даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона ё «Морг»-и Кӯлоб ҷамъ шуданд. Онҳо талаб карданд, ки то милисаҳои гумонбар боздошт нашаванд, аз назди сардхона дур намешаванд. Он шом мақомот се милисаи дастбастаро ба наздикони ҷавон нишон доданд ва онҳо ҷасадро гирифта бурданд.

Марги сокинон пас аз боздошт аз сӯйи маъмурони интизомӣ ҳамеша эътирозу танқидҳоро дар пай дорад. Ҳалокати Гулбиддини Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, дар моҳи ноябри соли 2021 боис ба эътирози чоррӯзаи сокинон шуд.

Он замон низ мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва кумисюнеро аз ҳисоби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ созмон доданд. Пас аз ним сол сокинон бо талаби таҳқиқи ҳодиса эътироз карданд, вале мақомот норозиёнро саркӯб ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро боздошту солҳои дароз зиндонӣ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular