Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАврупо барои бозгардондани муҳоҷирон €100 млн масраф мекунад

Аврупо барои бозгардондани муҳоҷирон €100 млн масраф мекунад

Ожонси марзбонӣ ва горди соҳилии Аврупо — “Фронтекс” рӯзи душанбе 30 январ эълом кард, ки имсол ҳудуди 100 миллион евро барои бозгардондани паноҳҷуёне, ки ба таври ғайриқонуни вориди хоки Иттиҳодияи Аврупо шуда ва ё парвандаи паноҳандагишон рад шудааст, ҳазина хоҳад кард. 

Око Саркано, муовини мудири ин ниҳод, ба намояндагони парлумони Аврупо гуфт: “мо дар соли 2023 дар марҳалае ҳастем, ки ҳудуди 100 миллион евро барои фаъолиятҳои марбут ба бозгардондани муҳоҷирон ҳазина хоҳем кард. Аз ин ҷиҳат мутмаиннан шоҳиди афзоиши бисёр чашмгир дар теъдоди амалиёти бозгардондани муҳоҷирон хоҳем буд ва умедворем шумори афроде, ки бозгардонида мешаванд низ болотар равад.” 

Ин Ожонс дар соли 2021 ҳудуди 18 ҳазору сесад нафарро бозгардонда буд. Саркано гуфт, ки ин рақам дар соли гузашта афзоиш ёфтааст. Вай ҳамчунин изофа кард, ки Фронтекс қасд дорад амалиёти зидди қочоқро дар бандаре монанди Роттердами Нидерланд оғоз кунад. 

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо солҳост барои бозгардондани афроде, ки мегӯянд ҳаққи иқомат надоранд, талош мекунанд. Баҳсҳои марбут ба сиёсатгузорӣ ва роҳи ҳалҳое пешниҳоди солҳост, ки дар комиссияи Аврупо ҷараён доштааст. 

Мария Малмер Стенегорд, вазири муҳоҷирати Суид, ки кишвараш раёсати давраи Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, дар ин хусус гуфт: “Иттиҳодияи Аврупо бояд аз ҳама сиёсатҳо, васоил ва абзорҳои мавҷуд аз ҷумла тавсеа тиҷорат ва визадиҳӣ ба унвони аҳроме барои афзоиши асарбахши сиёсати бозгардонии Иттиҳодия истифода кунад.” 

Ӯ ҳафтаи гузашта ва дар пайи барномаҳои бештар барои манъи раводид барои шаҳрвандони кишварҳое, ки атбоъи худро пас намегиранд, изҳороти мушобеҳиро пас аз нишасти вузарои кишвари Иттиҳодияи Аврупо баён карда буд. Ин мамнӯъият дар қолаби модаи 25-и қонуни визаи Иттиҳодияи Аврупо омадааст ва пеш аз ин алайҳи Гамбия иҷроӣ шудааст. 

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки аз 330 ҳазор убури ғайриқонунии марзӣ, ки дар соли гузашта сабту гузориш шуда, беш аз як севум аз тариқи Балкани ғарбӣ будааст. 

Дар соли 2022 ҳудуди як миллион нафар дар Иттиҳодияи Аврупо дархости паноҳандагӣ доданд, ки ба гуфтаи комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ҳудуди 60 дарсад ҷавоби манфӣ хоҳанд гирифт. 

Илва Йоҳанссон, комиссари умури дохилии Иттиҳодияи Аврупо, ҳафтаи гузашта гуфт: “мо теъдоди бисёр зиёде аз марокашиҳо, мисриҳо, тунсиҳо, бангаладешиҳо, покистониҳо, туркҳо, кӯбоиҳо ва ҳиндиҳоро дидаем ва албатта бозгардонии муассир дар ин ҷо бисёр муҳим аст.” 

Евростат, идораи омори Иттиҳодияи Аврупо, мегӯяд танҳо 24 дарсад аз 342 ҳазору 100 нафаре, ки дар соли 2021 дастури ихроҷи онҳо дода шудааст ба кишвари худашон бозгардонда шудаанд. 

Қарор аст мавзӯъи бозгардондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар нишасти вижаи Шӯрои Аврупо, ки дар авоили феврал баргузор хоҳад шуд, ба баҳс гузошта шавад. Дар ин ҷаласаи пешнависи санадӣ аз хатти машйи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи масъалаи муҳоҷират, шомили пайвастани кишварҳои узв ба як шабакаи фанноварии иттилоотии диҷитол, баррасӣ хоҳад шуд. 

Иттиҳодияи Аврупо дар моҳҳои ахир фишорҳоеро бар кишварҳои хориҷӣ барои пазириши атбоъи худ эъмол кардааст. Бо ин ҳол бархе аз кишварҳо ба вижа дар қораи Африқо мунтақиди сиёсати ҷории Аврупо ҳастанд ва мегӯянд ба ҷойи ироаи кортҳои мусофиратӣ ба муҳоҷирон ба ҷойи мадорики иқоматӣ, Иттиҳодияи Аврупо бояд масирҳои қонуниро барои кор ва таҳсил тавсеа диҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular