Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПутин: Баъд аз 80 сол дубора муқобили танкҳои олмонӣ қарор гирифтем

Путин: Баъд аз 80 сол дубора муқобили танкҳои олмонӣ қарор гирифтем

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар маросими ёдбуди ҷанги ҷаҳонии дувум, ки дар шаҳри Волгоград — Сталингради собиқ, баргузор шуд дар суханони кинояомез таҳвили танкҳои Леопард-2-и Олмон ба Укроинро бо ҳамлаи Олмони нозӣ ба Русия муқоиса кард ва гуфт: “баъд аз 80 сол дубора муқобили танкҳои олмонӣ қарор гирифтаем”. 

Путин бо ташбеҳи ин ду воқеа гуфт: “бовар кардани нест аммо ҳақиқат дорад”. 

Олмон яке аз чандин кишвари ғарбӣ аст, ки бо ирсоли танк ба Укроин ба ин кишвар дар баробари ҳамлаи низомии Русия кумак кардааст. 

Ин кумакҳои низомӣ, ки ахиран бо ирсоли танкҳои Леопард-2-и Олмон ва танкҳои Абрамси амрикоӣ ва ҳамчунин Челинҷер-2-и бритониёӣ вориди даври таслиҳоти зиреҳии сангин шуда, ҳосили ҳамлаи густурдаи низомии Русия ба хоки Укроин аст, ки тақрибан як сол пеш — авохири феврали 2022 оғоз шуд. 

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, дувуми феврал дар Волгоград, ки номи ҷадиди шаҳри қадимии Сталинград аст, ҳамчунин зимнан Укроин ва кишварҳои ғарбиро таҳдид кард, ки мумкин аст дар вокуниш ба ирсоли таслиҳоти сангини Ғарб ба Укроин, Маскав ба истифода аз силоҳҳои оддӣ басанда накунад. 

Раҳбари 70 солаи Русия дар изҳороти таҳдидомез гуфт: “ба назар мерасад касоне, ки ба думболи шикасти Русия дар майдони набард ҳастанд мутаваҷҷеҳи ин нестанд, ки ҷанги муосир бо Русия бисёр мутафовит хоҳад буд. Мо танк ба марзҳоямон бо онҳо гусел накардем аммо онҳо бояд бидонанд, ки мо тавоноии посухгӯие дорем ва ин тавоноии маҳдуд ба истифода аз таслиҳоти зиреҳии сангин нест”. 

Соате пас аз ин изҳорот Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, аз изҳори назар дар бораи гуфтаҳои Путин ва тавзеҳ дар бораи манзури раҳбари Русия худдоӣ кард, аммо ба хабарнигорон гуфт: “аз он ҷо, ки блоки ғарбӣ таслиҳоти ҷадиде ба Укроин ирсол кардааст, Русия ҳам барои посухгӯии ба истифодаи бештар аз потенсиалҳои худ фикр хоҳад кард”. 

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар Волгоград ба муносибати ёдбуди набарди маъруфи Сталинград ҳузур ёфта буд, ки тайи он артиши Русия тавонист 91 ҳазор нерӯи Олмони нозиро асир кунад ва ба ин тартиб бо қатъи пирӯзиҳои Гитлер ва артиши Олмон, заминасози пирӯзии муттафиқон алайҳи Гитлеру муттаҳидинаш дар ҷанги ҷаҳонии дувум шавад. 

Дар ҷараёни набарди таърихии Сталинград ҳудуди як миллион нафар кушта шуданд. 

Дар тӯли як соли гузашта Кремл ва Путин талош кардаанд то ба бовари ғалати ҷанг алайҳи миллатгароӣ дар Укроин доман бизананд ва давлати мустақар дар Киевро “нижодпараст ва натсионалисти нозӣ” муаррифӣ кунанд ва ҷанги феълиро бо набард алайҳи натсизм дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дувум муқоиса кунанд. 

Гуфтумоне, ки Путин дар ҷараёни суханронии рӯзи панҷшанбеи худ дар мазори ёдбуди ҷонбохтагони набарди Сталинград ҳам бар он таъкид кард. 

Ӯ гуфт: “акнун, мутаассифона, мо як бори дигар шоҳиди ин ҳастем, ки идеологияи натсизм, дар шаклу шамоили муосири худ, ва бо маромномаи ҷадиди худ, дубора мустақиман амнияти кишвари моро таҳдид мекунад”. 

“Дубораю дубора мо бояд пархошгарии ҷамъии Ғарбро дафъ кунем”. 

Путин ҳамзамон бо ин изҳорот ва “бовар накарданӣ аммо воқеият” хондани таҳдиди дубораи Русия бо танкҳои олмонӣ гуфт Маскав барои таҳдиди ҳар кишваре алайҳи ин кишвар омодааст. 

Изҳороти таҳдидомези Путин танҳо як рӯз пас аз он ироа мешавад, ки Укроин аз омода шудани ҳудуди ним миллион нерӯи русӣ дар марзҳои ин кишвар ва эҳтимоли як ҳамлаи бузург аз сӯи Маскав дар остонаи нахустин солрӯзи ҳамлаи ин кишвар ба Укроин дар 24 феврали соли 2022 хабар дода буд.

ВВС

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular