Муассисаи таҳқиқоти Брукингс дар Амрико дар таҳлиле менависад, ки мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон якрав ва оштинопазир аст ва мулло Яъқуб гузинаи амалгаро аст ва кор бо ӯ барои Ғарб осонтар аст.
Дар ин таҳлил ба Ҷабҳаи Муқовамат ҳам ишора шуда ва омадааст, ки фаъолияти мусаллаҳонаи ин ҷабҳа ба ҷое намерасад.
Ванда Филбоб Браун, нависандаи ин таҳлил мегӯяд, ки дар миён раҳбарони Толибон ихтилофотт ҷиддӣ бар сари сиёсатҳои ин гурӯҳ вуҷуд дорад.
Ин таҳлилгар бо такя ба сӯҳбат бо манобеъи афғон ва ғарбӣ муддаӣ аст, ки чеҳраҳои амалгарое чун Мулло Бародар ва Сироҷ Ҳаққонӣ аз тарси чандпорчагии гурӯҳ ва эъдом шудан, бо фармонҳои ахири Мулло Ҳайбатуллоҳ мухолифат намекунанд.
Бо ин, ки ҳайати музокиракунандаи Толибон дар Доха борҳо гуфта буд, ки дар сиёсатҳои қаблии ин гурӯҳ дар баробари ҷараёнҳои сиёсӣ ва занон тағйир ба вуҷуд омадааст, аммо пас аз қудрат гирифтан, Толибон дубора занонро аз кор ва таҳсил маҳрум карданд ва ба гуфтаи Браун, бо ташкили “ҳукумати саросар паштунӣ”, ҷараёнҳои сиёсиро аз доираи давлат берун ронданд.
Браун ба он даста аз таҳлилгарон ва сиёсатмадорони ғарбӣ тааллуқ дорад, ки ахиран бо ҷиддият баҳси Толибони миёнарав ва тундравро матраҳ мекунанд. Онҳо умедворанд, ки шохаи амалгаро ва маъқултари Толибон зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст бигирад ва дар сиёсатҳои ин гурӯҳ ва робита бо Ғарб таҷдиди назар кунад.
Браун таъкид мекунад, ки Шӯрои уламои Толибон ба раҳбарии Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Қандаҳор, ба таври якҷониба фармонҳо ва аҳкоми тундравонаро дар Афғонистон татбиқ мекунад. Ин дар ҳолест, ки шохаи миёнарав бовар дорад, ки ин сиёсатҳо дар баландмудддат Толибонро заиф сохта ва онҳо контроли худро бар қудрат аз даст медиҳанд.
Браун менависад: Толибони амалгаро мехоҳанд, ки ҳокимияти гурӯҳи Толибон бар Афғонистон давом биоварад. Бино ба муҳосиба онон, агар душвориҳои иқтисодӣ ва инзивои байналмилалии Толибон ташдид шавад ва чашмаи кӯмакҳои хориҷӣ бихушкад, ин гурӯҳ пойдор нахоҳад монд.
Аз назари Браун, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазир, Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Сироҷ Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ҷузъи толибони амалгароанд.
Ҳарчанд ин афрод, ба хусус Сироҷ Ҳаққонӣ, аз қудрати зиёде бархӯрдоранд, аммо ба гуфтаи Браун, тавони эъмоли фишор ва ибрози мухолифат бо тасмимҳои Мулло Ҳайбатуллоҳро надоранд. Ҳамчунин, кудато ва канор задани амирулмуъминини Толибон дар марҳалаи феълӣ барои онҳо имконпазир нест.
Аз назари Браун, Мулло Бародар ва Мулло Яъқуб ва Сироҷ Ҳаққонӣ ба якдигар эътимоди кофӣ надоранд ва муттаҳид нестанд. Барои онҳо ҳамроҳ кардани бахши умдае аз фармондеҳони Толибон бо худ душвор аст.
Аз сӯи дигар, хатари ин вуҷуд дорад, ки бархе аз ин чеҳраҳо ҷони худро дар асари мухолифатҳои дохилӣ аз даст бидиҳанд ва гурӯҳи Толибон дар асари задухӯрди дарунӣ чанд порча шавад.
Нуктаи муҳими дигар дар таҳлили ин пажӯҳишгари муассисаи Брукингс ин аст, ки ҳазфи Мулло Ҳайбатуллоҳ кашокаши дохилӣ бар сари ҷонишиниро ба вуҷуд меоварад. Дар ҳоле, ки Мулло Бародар ва Мулло Яъқуб хоҳони расидан ба раъси қудратанд, аммо Покистон бештар ба Сироҷ Ҳаққонӣ мутамоил аст. Дар айни ҳол толибони қандаҳорӣ аз ҷумла Яъқуб ва Бародар далеле барои ҳимоят аз Ҳаққонӣ надоранд.
Ба гуфтаи нависанда, Ҷабҳаи муқовамат тавони ба чолиш кашидани Толибонро надорад ва ихтилофоти дохилии Толибон агар мунҷар ба ҷанги дохилии дигар шавад, барандае ҷуз ДОИШ нахоҳад дошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

