Saturday, February 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар 12 рӯзи феврал Русия дар Укроин 10 000 кушта додааст

Дар 12 рӯзи феврал Русия дар Укроин 10 000 кушта додааст

Бар асоси омори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин, теъдоди “талафоти рӯзона”-и нерӯҳои Русия аз ибтидои моҳи ҷорӣ, ба бештарин ҳадди худ аз оғози таҳоҷуми низомии Маскав ба Укроин расидааст. Ин додаҳо нишон медиҳад, ки дар моҳи феврал рӯзона ба таври миёнгин 824 сарбози рус ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати дифоъи Бритониё зимни бознашри ин омор ва сищат гузоштан бар раванди “эҳтимолан дақиқ” талафоти болои нерӯҳои рус, шумориши дақиқи ададии онро ба таври комил таъйид накард. 

Нерӯҳои Русия дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба гулӯлаборони шаҳрҳои Укроин дар шарқи ин кишвар идома доданд. Фармондори Харков, дувумин шаҳри бузурги Укроин эълом кардааст, ки дар шаби гузашта се мушаки АС-300-и Русия ба таъсисоти зерсохтии ин минтақа исобат карданд. Артиши Укроин низ гузориш дод, нерӯҳои ин кишвар муваффақ шуданд шомгоҳи шанбе панҷ паҳподи шомили чаҳор паҳподи интиҳории “Шоҳид” ва як паҳподи шиносоии Арлон-10-ро бар фарози манотиқи ниматасарруфшудаи Запороже ва Донетск сарнагун кунанд. 

Ситоди кулли Укроин дар барӯзрасонии рӯзонаи худ гузориш дод дар маҷмӯъ, нерӯҳои русӣ дар 24 соати гузашта дувоздаҳ мушак, 32 ҳамлаи ҳавоӣ ва ҳамчунин беш аз 90 оташ тӯпхона ба самти Укроин анҷом додаанд. 

Ин ҳамалот дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои Русия барои тасарруфи сарзаминҳои бештар дар бахшҳои шарқии Донббасс, муташаккил аз манотиқи Донетск ва Луганск, талош мекунанд. Ҳарчанд ба назар мерасад Маскав барои расидан ба ин ҳадаф дучори мушкилоте шудааст ва пешравӣ барои онҳо ончунон осон ҳам нест. 

Фармондеҳи “гурӯҳи Вагнер” ба унвони паймонкори низомии хусусӣ, ки муздурона ва фаъолона дар набардҳои Укроин ширкат дорад, гуфтааст, ки ҷанг мумкин аст солҳо ба тӯл анҷомад. Евгений Пригожин дар як мусоҳибаи видеоӣ, ки авохири рӯзи ҷумъа мунташир шуд, гуфт, ки мумкин аст 18 моҳ то ду сол тӯл бикашад то Русия ба таври комил битавонад контроли Донбассро дар даст бигирад. Вай афзуд: “агар Маскав тасмим ба тасарруфи манотиқи васеътаре дар шарқи рӯдхонаи Днепрро дар сар дошта бошад, он гоҳ ҷанг метавонад то се сол ҳам идома дошта бошад.” 

Фармондеҳи гурӯҳи шибҳинизомии русии Вагнер рӯзи якшанбе дувоздаҳуми феврал эълом кард, ки нерӯҳояш шаҳри “Красная Гора” дар чанд километрии шимоли шаҳри вайроншудаи “Баҳмут”, шаҳри калидиро, ки Маскав чандин моҳ аст дар талош барои фатҳи он аст, тасарруф кардаанд. 

Пригожин барои болобурдани мизони нақши муздурони ин гурӯҳ ва камаҳамият ҷилва додани нақши артиши Русия дар ҳамла ба Баҳмут навишт: “дар мавқеияти камобеш 50 километрӣ, фақат нерӯҳои “гурӯҳи Вагнер” ҳузур доштанд.” Ин тарзи баён ба танишҳои дерин байни артиши Русия ва гурӯҳи Вагнер ишора дорад. 

Артиши Русия дар фасли тирамоҳ дар пайи ҳамалоти мутақобили муваффақиятомези артиши Укроин дар бозпасгирии бахшҳои васеъ аз сарзаминҳои шарқӣ ва ҷанубӣ, мутаҳаммили шикастҳои таҳқиромезе шуда буд. 

Гурӯҳи Вагнер дар ёздаҳуми январ эълом кард, ки Соледар, шаҳри бузургтареро дар наздикии “Красная Гора”-ро тасарруф кардааст. Аммо вазорати дифоъи Русия ду рӯз баъд аз ин баёния, фатҳи Соледарро эълом кард ва ихтилоф байни Вагнер ва артиши Русияро намоёнтар сохт. 

Пригожин рӯзи якшанбе гуфт: “баъд аз тасарруфи Соледар, сару садое ба по шуд, ки (сарбозони) ғайр аз ҷангҷуёни Вагнер дар Соледар ҳузур доштанд. Маълум буд, ки (аз ин ки нерӯҳои Вагнер онҷоро тасарруф карда буданд) хушашон наомада буд.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular