Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нет5 млн корти бонкӣ ва банкоматҳои бепули Тоҷикистон

5 млн корти бонкӣ ва банкоматҳои бепули Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ ҳаҷми муомилоти кортҳои бонкиро дар соли 2022 афзоиш доданд.

Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба омори бонкҳои марказии ин кишварҳо менависад.

Тибқи додаи манбаъ, суръати афзоиш дар як қатор кишварҳои ИДМ хеле сареътар аз кишварҳои дигар будааст. Ин маълумот аз бонкҳои марказии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Беларус ва Арманистон гирифта шудааст.

Гуфта мешавад афзоиши истехсоли кортхо дар Точикистон рекорд шикаста ва шумори кортҳои дармуомилотбуда 45,5 фоиз афзудааст. Ин шумор ҳоло 5 миллион дона ҳисоб шудааст. Ин рекордшиканӣ дар ҳолест, ки аксари банкоматҳо дар Тоҷикистон аз пул холӣ ҳастанд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон то ҳол ба хариду фурӯши онлайнӣ тариқи корти бонкӣ одат накардаанд ва он камтар аз 4 дарсдаи харидуфурӯшро ташкил медиҳад.

Афзоиши истеҳсоли кортҳои бонкӣ баландтарин нишондод дар 5 соли охир аст. Дар гузориш маълумоти ҳам кортҳои низомҳои байналмилалии пардохт (IPS) ва ҳам кортҳои маҳаллиро ба назар мегиранд.

Сатҳи пасттарини афзоиш байни кишварҳои ИДМ дар Қазоқистон буда, каме бештар аз 8,35% ро ташкил додааст.  Дар Гурҷистон низ он ҳамагӣ бештар аз 4,6% аст ва ин ҳадди ақал аз соли 2018 мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?