Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафари Раисӣ ба Чин ва ҳушдори Вашингтон

Сафари Раисӣ ба Чин ва ҳушдори Вашингтон

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе вориди Чин шуд, то бо мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад. Дар ҷараёни ин сафар раисҳои ҷумҳурии ду кишвар бист санади ҳамкорӣ имзо карданд. 

Дар маросими истиқбол аз Иброҳим Раиси дар сохтмони Кунгираи миллии халқи Чин, Си Ҷинпин, раисҷумҳури ин кишвар низ ҳузур дошт ва музокироти ҳайатҳои ду тараф билофосила пас аз ин маросим оғоз шуд. 

Санадҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои мудирияти буҳрон, гардишгарӣ, иртиботот ва фановарии иттилоот, муҳити зист, тиҷорати байналмилалӣ, моликияти маънавӣ, кишоварзӣ, содирот, беҳдошту дармон, расона, варзиш ва мероси фарҳангии байн ду тараф имзо шудааст. 

Алӣ Баҳодури Ҷаҳрамӣ, сухангӯи давлати Раисӣ меҳвари аслии ин сафарро “иҷрои кардани тавофуқи 25 солаи роҳбурдии Эрон ва Чин бо тамаркуз бар масоили иқтисодӣ аст,” унвон кард ва гуфт, ки “Чин бузургтарин шарики тиҷории Эрон аст”. 

Эрон дар соли 2021 тавофуқи “барномаи 25 солаи ҳамкориҳои муштарак”-ро бо Чин имзо кард. Иҷрои тавофуқномаи 25 сола, ки мӯҳтавои он ҳамчунон номушаххас аст ҳамвора бо шубҳаҳои аз ҷумла эҳтимоли муғойирати имтиёзот вогузоршуда ба Чин бо манофеъи миллии Эрон ҳамроҳ будааст.

Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳамзамон бо сафари Раисӣ ба Чин гуфт, ки ҳар кишваре бояд “моҳияти робитаи худ бо Чинро таъйин кунад аммо вақте сӯҳбат аз Эрон ба миён меояд, мо фикр мекунем муҳим аст, ки бақияи ҷаҳон комилан равшан кунад, ки пешрафтҳои ҳастаии Эрон, талошҳои ин кишвар барои судури терроризм ва нуфузи бадхоҳона дар саросари минтақа ва фаротар аз он, мавриди қабули ҳеҷ кишваре нест ва ҷаҳон аз он ҳимоят намекунад.” 

Ба гузориши хабаргузории “Тасним” Иброҳим Раисӣ дар идомаи барномаҳои сафари серӯзаи худ ба Чин бо Ли Чжаншу раиси Кунгираи миллии халқи Чин дидор ва гуфтугӯ кард. 

Раисӣ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти нақши ҳамкориҳои парлумонӣ бар раванди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз “ҳимоятҳои созандаи Кунгираи миллии халқи Чин дар ҷиҳати пешбурди равобити роҳбурдӣ” миёни ду кишвар қадрдонӣ кард. 

Раисӣ дар ин дидор аз Эрон ва Чин ба унвони “дӯстони даврони сахт” ёд кард. 

Ли Кэтсян, нахуствазири Чин низ дар бораи ин дидор гуфт, ки музокироти “созандае” миёни ду кишвар дар ҷиҳати тавсеаи равобит дар мавзӯъоти мухталиф дар ҷараён аст. 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар мавриди ин сафар гуфтааст, ки равобити ду кишвар ҷанбаи созандагӣ дорад ва “алайҳи ҳеҷ кишвари дигаре нест”. 

Даъвати расмии Пекин аз Иброҳим Раисӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ду кишвар дар ҳафтаҳои гузашта бо танишҳое рӯ ба рӯ буданд. Танишҳо пас аз сафари раисҷумҳури Чин ба Арабистони саудӣ оғоз шуд. Пекин пас аз ин сафар ду баёнияи муштарак бо кишварҳои араб ҳавзаи Халиҷи Форс мунташир кард ва ба Ҷумҳурии Исломӣ “дар бораи густариши барномаи ҳастаӣ ва мудохилаи низомӣ дар минтақа” ҳушдор дод. 

Си Ҷинпайн дар сафари худ ба Арабистон даҳҳо санади тавофуқ ба арзиши 50 миллиард доллар имзо кард ва давлати Чин дар моҳи январ таъкид кард ба “густариши ва тақвияти робитаи наздиктар бо Арабистони саудӣ, яке аз муҳиммтарин муттаҳидони минтақаӣ” аҳамияти зиёде медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular