Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСоли 2022 ба Русия муҳоҷирони бештар ворид шудаанд

Соли 2022 ба Русия муҳоҷирони бештар ворид шудаанд

Бо вуҷуди вориди ҷанг бо Укроин шудани Русия ва таҳримҳои сангин алайҳи ин кишвар, шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба онҷо рафтаанд, афзоиш ёфтааст. Як таҳқиқот нишон додааст, дар соли 2022 назар ба соли 2021 30 дарсад бештар муҳоҷирон ба Русия ворид шудаанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории расмии ТАСС-и Русия, ки рӯзи 20 феврал бо истинод ба таҳқиқоти Finexpertizа нашр шуд, дар умум соли гузашта 13 миллион нафар ба Русия ворид шудаанд. Тақрибан сеюним миллион нафари онҳо ҳадафи сафари худро кор гуфтаанд. Дар сегонаи аввал шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор доранд.

Ба гуфтаи мудири ширкати Finexpertiza, соли 2022 дар Русия эҳтиёҷ ба кори курйерҳо, ронандагон, коргарони соҳаи сохтмон афзудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular