Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетМудири бахши дини ҳукумати Панҷакент бо ришва боздошт шудааст

Мудири бахши дини ҳукумати Панҷакент бо ришва боздошт шудааст

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Панҷакент Зоҳир Муҳиддинов бо гумони гирифтани ришва дирӯз, 23-юми феврал, аз тарафи кормандони мақомоти додситонии шаҳр боздошт ва бо шарти тарк накардани макони зист, озод шудааст. Дар ин бора Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар додситонии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Ба қавли манбаъ нисбати Зоҳир Муҳиддинов бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Ин модда ҷарима ҳудуди 370 ҳазор то 870 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 солро пешбинӣ мекунад.

“Зоҳир Муҳиддинов боздошт шуд ва баъдан, бо забонхат, яъне бо шарти тарк накардани маҳали зист, раҳо гардид”, — гуфтааст манбаъ дар додситонии шаҳри Панҷакент.

Зоҳир Муҳиддинов беш аз ду сол дар ин вазифа кор кардааст. Қаблан ӯ дар вазифаҳои сардори шӯъбаи сохтмони асосии дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, директори Кохи Лоиқ ва шӯъбаи амволи шаҳр фаъолият намудааст.

Бояд гуфт, ин маротибаи аввал нест, ки масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент бо ҷурмҳои гуногун боздошт мешаванд.

Қаблан роҳбари бахши ҷавонони шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент бо гумони қаллобӣ дастгир шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ маблағ гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular