Муҳаммаднабӣ Бачгонови зодаи ноҳияи Ванҷ, ки 49 сол дошт ва аз соли 2017 дар яке аз зиндонҳои шаҳри Иркутски Русия адои ҷазо мекард, моҳи декабри соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина ҷалб ва дар зодрӯзаш, 20-уми январи соли 2023 кушта шудааст.
“Азия-Плюс” бо истинод ба яке аз наздикони навиштааст, Муҳаммаднабӣ Бачгонов моҳи декабри соли 2022 ба ҷанги Украина ҷалб шуд ва то 3 рӯз пеш аз кушта шуданаш бо бародарзодааш дар тамос буд.
Пайвандонаш мегӯянд, Муҳаммаднабӣ Бачгонов аз соли 1998-ум ба Русия рафта меомад ва ба тиҷорат машғул буд. Ӯро соли 2017 бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва барои 12 сол равонаи зиндон карданд. Ӯ шаҳрвандии Русияро надошт ва дар яке аз маҳбасҳои Иркутск адои ҷазо мекард.
Ба қавли наздиконаш, ӯ гуфтааст, “бар ивази озодӣ аз маҳбас ва бо хоҳиши худ ба ҷанги Украина рафтааст”, вале онҳо ба ин иддао бовар надоранд ва мегӯянд, “ба эҳтимолӣ зиёд, ӯ маҷбурӣ ба ҷанг ҷалб шудааст”.
“То кушта шуданаш бо бародарзодааш дар тамос буд. Зану фарзандонаш намедонистанд, ки ӯ дар ҷанг аст. Зани ӯ рус буд. Ба бародарзодааш ҳамеша мегуфт, ки вазъаш хуб аст. Як моҳи охир тамос нагирифт ва се рӯз пеш мақомоти Русия занг зада, гуфтанд, ки рӯзи 20-уми январ Муҳаммаднабӣ Бачгонов кушта шуд. Ҷасадашро ба суроғаи писараш, ки аллакай 18-сола аст, мефиристанд”, — зикр кард яке аз наздикони Муҳаммаднабӣ Бачгонов.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

