Чанд рӯз пас аз эъломи ибтикори сулҳи Пекин барои Укроин, Ванг Яй, сиёсатмадори равобити хориҷии барҷастаи Чин бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия мулоқот кард. Ба гуфтаи Путин, Маскав ҳамчунин мизбони Си Ҷинпин, раиси давлати Чин хоҳад буд.
Ванг Яй, сиёсатмадори аршади дипломосии Чин дар ҷараёни сафари худ ба Маскав бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Сергий Лавров, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории давлати Русия — ТАСС, Ванг гуфт Чин омодааст ҳамкориҳои сиёсӣ ва низ стратегӣ бо Русияро густариш диҳад.
Путин дар пайи ин изҳорот, равобити наздики байни ду кишварро дар шароити кунунӣ, бисёр муҳим арзёбӣ кард ва онро арзишманд донист.
Ба гузориши Рейтерз, раисҷумҳури Русия ҳамчунин аз сафари Си Ҷинпин, раисҷумҳури Русия ба Маскав хабар дод. Путин гуфт, дар ин маврид тавофуқ шудааст.
Путин пеш аз баргузории ин нишаст гуфт: “равобити байналмилал имрӯз печидааст ва дар ин чорчуб, ҳамкорӣ миёни ҷумҳурии халқи Чин ва федератсияи Русия барои суботи вазъияти байналмилалӣ аҳамияти вижае дорад.”
Дар пайи ин мулоқот ҳеҷ иттилоияи расмӣ дар мавриди ибтикори сулҳе, ки Чин дар конфронси амниятии Мюнхен барои Укроин, ки як соли пеш тавассути Русия мавриди ҳамла қарор гирифта, интишор наёфт.
Дидори Ванг бо дабири Шӯрои амнияти миллии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар ибтидои дидор бо Ванг гуфт, ки равобити ду кишвар тавсеа ёфтааст зеро ҳар кадом, бо вуҷуди нооромиҳои ҷаҳонӣ, аз манофеъи якдигар дифоъ мекунанд. Ванг ҳамчунин равобитро мусбат тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ “ҳаду марзе намешиносад”.
Дипломати аршади чинӣ пеш аз ин рӯзи сешанбе 21 феврал дар Маскав бо Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллӣ, табодули назар карда буд. Вай хостори ҳамкории наздиктар бо Пекин барои муқобила бо талошҳои Ғарб шуд, ки ба гуфтаи ӯ мекӯшад, иттиҳоди миёни Чин ва Русия хунсо кунад.
Равобити пуртаниши Чин ва Амрико
Бо таваҷҷуҳ ба ҷанги таҳоҷумии Русия дар Укроин, равобит миёни Чин ва Амрико ба вижа дар вазъияти кунунӣ ба шиддат рӯ ба тирагӣ рафтааст.
Иёлоти муттаҳида дар рӯзҳои гузашта ибрози нигаронӣ карда буд, ки Чин метавонад силоҳу муҳиммот барои истифода алайҳи Укроин ба Русия бирасонад. Чин ин мавзӯъро рад мекунад.
Маскав ин ҳафта мушорикати худро дар охирин муоҳидаи контрол ва маҳдуд сохтани таслиҳоти ҳастаӣ бо Вашингтонро ба таълиқ даровард.
Чин яке аз муттаҳидони наздики Русия маҳсуб мешавад. Дар айни ҳол, Пекин то кунун то ҳадди зиёде таҳримҳои байналмилали алайҳ Москва риоят кардааст то таҳти таъсири паёмадҳои нақзи таҳрим қарор нагирад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

