Поинравии қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ ва евро идома дорад.
Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, аз 1 феврал то имрӯз (24 феврал) нархи сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ 5,4% — аз 10,30 сомонӣ барои 1 доллар то 10,88 сомонӣ поин рафт.
Ҳамчунин дар ин давра қурби пули миллӣ дар баробари евро ба таври қобили мулоҳиза — 3,2% — аз 11,18 то 11,54 сомонӣ поин рафт.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, аз аввали моҳи ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбат ба рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, 1 ҳазор рубли русӣ 145 сомониро ташкил медиҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

