Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуқобилияти қазоқҳо ба сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ

Муқобилияти қазоқҳо ба сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ

Фаъолони ҳифзи муҳити зист дар Қазоқистон талаб доранд, ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ, ки мақомот мехоҳанд, дар деҳаи Улкени вилояти Алмато бунёд кунанд, моратория эълом шавад.

Фаъолони Анҷумани «Экофоруми Қазоқистон», ки беш аз 40 созмони ғайридавлатиро дар саросари кишвар муттаҳид мекунад, талаб доранд, баррасии қарорҳо дар бораи сохтмони неругоҳҳои ҳастаӣ бо иштироки ҷомеа сурат гирад.

«Дар вохӯрӣ бо вазири экология, геология ва захираҳои табиӣ ин масъаларо матраҳ кардам ва гуфтам, он бар асоси Кодекси экологии Қазоқистон ва Конвенсияи Орхус, ки кишвар узви он аст, ба таври бояду шояд баррасӣ нашудааст», — изҳор дошт Светлана Могилюк, раиси анҷумани “Экофоруми Қазоқистон”.

Дар Интернет низ ба ҷонибдорӣ аз эъломи моратория ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон имзо ҷамъоварӣ мешавад. То ҳол зери он 600 кас имзо гузоштааст.​

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?