Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидори Раҳмон бо Мишустин

Дидори Раҳмон бо Мишустин

Раисҷумҳур ва раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин дидор ва гуфтугӯ кард.

Тавре ки Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular