Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТамдиди маҳдудияти гирифтани арз дар бонкҳои Русия

Тамдиди маҳдудияти гирифтани арз дар бонкҳои Русия

Бонки миллии Русия маҳдудияти гирифтани доллару евро ва асъори дигари хориҷии нақдро то шаш моҳи дигар дароз кардааст.

Бар асоси қарори бонк аз 5-уми март, ҳеч кас наметавонад, аз бонк бештар аз 10 ҳазор доллар ва муодили он еврои нақд бигирад. Агар аз ин миқдор бештар мехоҳанд, пас, онро бо рубли русӣ ва бо қурби таъйинкардаи Бонки миллии Русия медиҳанд.

Русия рӯзи 9-уми марти соли 2022 ва баъд аз муддати кӯтоҳи оғози ҷанг ба зидди Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ гирифтани асъори хориҷии нақдро маҳдуд кард.

Бар асоси қарори нави бонк маҳдудияти додани асъори нақд то рӯзи 9-уми сентябри имсол давом мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular