Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Русия муҳоҷиронро эм мекунанд

Дар Русия муҳоҷиронро эм мекунанд

Дар Русия эмкунии оммавии чанд тоифаи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ бар зидди ду бемории сирояткунандаи хатарнок сурат мегирад.

Роспотребнадзор ба минтақаҳо дастур додааст, ки «иммунизатсияи тозакунии» аҳолӣ гузаронанд.

Қарорҳои дахлдори сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия, раиси Роспотребнадзор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудаанд.

Ваксинзанӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва дифтерия сурат мегирад.

Пешниҳод шудааст, ки ба аҳолии ҳарҷогард, оворагони дохилӣ ва муҳоҷирон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

Эмкунӣ аз 3 апрел то 31 декабри соли 2023 баргузор мешаванд. Фарогирӣ бояд на камтар аз 95% аҳолӣ бошад.

Ба мақомоти минтақавӣ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоёнро дар бораи манфиатҳои эмгузаронии беморӣ огоҳ созанд.

Корҳо оид ба муайян кардани шахсоне, ки бемор нашудаанд, ваксина нагирифтаанд ё дар бораи эмкунӣ маълумот надоранд, дар маҳалҳо ташкил карда мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular